ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: НАСЛИ ОСЕБПАЗИР БОЯД АЗ ЭҲТИЁТ КОР ГИРАД

Ҳалли бисёр мушкилоти глобалӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ даст медиҳад, аммо аксарияти мушкилот ва ё худ проблемаҳо муборизаи дастаҷамъиро мехоҳад. Зеро бо сиёсати ягона ва дастаҷамъона барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва ё ҳалли мукшилоти сатҳи байналмилалӣ мо метавонам ба мақсад ноил гардем, аммо дар акси ҳол метавонем ҳамаи имкониятиҳоямонро аз даст диҳем.

Яъне дар шароити кунунӣ ҷомеаи ҷаҳониро хатари даҳшатафканӣ, ифротгароӣ таҳдид мекунад, ки ин бисёр ҳам мушкилоти вазнин аст ва агар дар роҳи мубориза ба ир зуҳуротҳои номатлуб кишварҳои ҷаҳон бо мо ҳамфикр набошанд, ба пуррагӣ намегавад ин зуҳуротро аз байн бурд.

Ҳоло гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз қишри осебпазири ҷомеа, яъне насли наврас ва ҷавонон истифода мебаранд ва бештар бо маълумоти бардурӯғу сохта онҳоро гумроҳ месозанд ва ба доми худ кашид. Зеро вақте ин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ҷавононро ба доми фиреби худ мекашанд, бисёр ҳам мушкил аст, ки онҳоро наҷот диҳем.

Аз ин лиҳоз бисёр ҳам хуб мешуд, ки ҷавонон ва насли наврас аз ғояҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта шаванд. Ваё дар ҷойи дигар ин қишри ҷомеа бояд худ аз эҳтиёт кор гиранд ва бештар саводнокиву маърифатнокии хешро афзун созанд, то фиретфаи душманону хоинони миллат ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нагарданд.

Мо омӯзгорони кафедра ин хиёнатҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, талаб менамоем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз андешаи ифротӣ пок карда шавад.