БЕТАРАФ БУДАН НИЗ ҶИНОЯТ АСТ

Арзиши муқаддастарине, ки  меъёри тафаккурнокии инсониятро инъикос менамояд, ин савияи шуурнокии динии инсоният ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонбинӣ ҳама вақт стратегияи рафтори инсониятро муайян менамояд. Дар шароити кунунӣ байни ҷавонон тафаккури динӣ ва махсусияти он қувваи калон дорад. Баъди соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 ва амалҳои пайдарпаи давомнок, дар ҷумҳурии мо ваҳдат ва ягонагии миллӣ пойдор шуд, ки халқи тоҷик кайҳо интизор буд. Мардуми тоҷик то имрӯз тамоми даҳшат ва носомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст ва қисмати муайяни оилаҳои тоҷик то имрӯз ҷароҳат ва талафи фарзандону наздикони худро табобат мекунад. Аммо имрӯзҳо аз сари нав хатари такроршавии ин рӯзҳои мудҳиш то охир решакан нагардидааст ва ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро фаромӯш накунанд.

Аслан, пайдо шудани гурӯҳ ва ё ҳизбҳои мухолиф дар ҳама гуна навъи давлатдорӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин то андозае ба пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию мадании миллат сабаб мегардад. Лекин набояд фаромӯш кард, ки вазифаи чунин гурӯҳу ҳизбҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки муаммоҳои мавҷударо дар сатҳи созандагию гуфтушуниди салоҳиятнок ҳал намоянд, на ин ки ба зинаи экстремизм бурда расонанд. Самти характерноки чунин равия дар ҷалбсозии ҷавонон, гумроҳ кардани онҳо ва ба роҳи нодуруст ҳидоят намудани ҷавонони сустирода зоҳир мешавад. Мушаххас ва шадиднок шудани ҷавобгарии ҷавонони бар хилофи низоми қонун фаъолият карда ва махсусан ҷинояту амалҳои зидди давлатӣ ва миллат содир намудаи онҳо на танҳо вазифаи давлат ва сохторҳои қудратӣ, балки ҳар як фарди солимақл ба ҳисоб меравад. Зеро ҳама гуна нодида гирифтани рафтори ношоистаи ҷавонон, гузашт кардан ба қадамҳои хатои онҳо, беэътиборӣ ба хотири оромии муваққатии ҷомеа ва дар ниҳоят беҷавоб гузоштани ин хел амалҳо оқибати боз ҳам ногувортарро барои мамлакат оварда мерасонад.

Дар ин ҷода амали бетарафиро пеша кардани аксарияти наздикон, ҳамкорон, дустону нафарони тасодуфӣ низ характери ҷиноятиро соҳиб мегардад. Барои ҷиноятҳои ба сатҳи давлатӣ, миллӣ ва ҳатто ҷомеа офати зарар оваранда, татбиқи амали қонун бидуни гузашткунӣ, авф кардан на танҳо барои нафари ҷиноят содир карда, балки ба нафароне, ки фурсати тӯлонӣ ин рафторро мушоҳида намудаанд, огоҳӣ доштанд, имконияти аз роҳи хато баргардонидани ин ҷавони гумроҳ шударо доштанд,  низ раво дида шуданаш ба мақсад мувофиқ аст.

Бо назардошти он ки миқдори ҷавонони аз маърифат канор монда ва дар муқобили ҳар гуна қувваҳои номатлуби манфӣ таъсир расонанда нотавон монда, танҳоиро ҳис кунанда ва камҷуръат кам карда шуда, онҳоро ба ҷараени ҷомеаи солим наздик овардан имконпазир гардонида шавад, шарт ва зарур аст, ки заминаҳои асосии ба ҳар ду самт мусоидат кунанда дарефт карда шаванд. Аз ин нуқтаи назар, манбаи асосӣ дар муҳити оила ва ташкилоту муассисаҳои таълимӣ аст, зеро ин аломатҳоро махсусан бар ин ду муҳит мушоҳида кардан осонтар аст. Аз тарафи дигар, ин аломатҳо бо сабабҳои дигари савияи глобалӣ низ алоқамандӣ дорад, ки асоситарини он тартиботи низоми муосири ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад.

Барои татбиқ ва амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки санади давлатии дорои аҳамияти миллӣ мебошад, механизмҳои иловагиро андешидан ба мақсад мувофиқ мебошад, зеро баланд бардоштани масъулияти ҳуқуқии волидайн барои рафтори ношоиста ва кирдору амалҳои хилофи қонун равона шудаи фарзандони маърифаташон суст, муайян кардани сатҳи ҷавобгарии онҳо дар назди ҷомеа дар мадди назар бояд қарор гирад.   

Аслан равияи терроризм, ваҳшаткорӣ, фирефтан ва дуздидани одамон, махсусан ноболиғон, таҷовуз ба арзишҳои беҳамтои ҳазорсолаи умумибашарӣ, ба мисли ёдгориҳои таърихӣ ва адабиети классикӣ солҳои охир як қисмати ҷудонашавандаи ҳаёти имрӯза гардидааст. Дар ҳудуди як мақолаи хурд нисбати таърих ва сабабу унсурҳои пайдошавии ин равия сухан рондан басе душвор аст, аммо қайд кардан бамаврид мегардад, агар иттилоъ диҳем, ки саршавии ин шоха аз ақидаҳои Шпенглер Освалд (1880-1936) бармеояд. Идеяи асосии ин файласуфи олмонӣ ба ҷудо кардани дини насронӣ аз ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Казоват кунед, дар ин ҷода низ роли дин муаммои ҳалталаб истодааст. Дар умум, моҳият ва мазмуни ақидаҳои фалсафии ин мутафаккири олмонӣ мақсади ҷалбкунии фикру андешаи халқ ба ҳаёти иҷтимоӣ, истеҳсолоти воситаҳои нав барои устувор кардани мавқеи молиявии худи мардуми олмонтабор равона шуда буд. Лекин дар фурсати тӯлонии корбарӣ ин ақида натиҷаҳои ғайричашмдошти манфӣ ва харобиоварро соҳиб гардид. Дар интиҳо тафаккури миллати олмонӣ то дараҷае расид, ки ақидаю арзишҳои дини насронӣ, аз қабили ҳамдарду ҳаммаслак будан ба маруми дасткӯтоҳу фақир, муқаддас нигоҳ доштани қавлу қасам ва тараннуми вафодорию ватандӯстӣ на фақат мазмуну мундариҷаи худро гум кард, балки сабаби пастравии иқтисодию маърифатии мамлакат маънидод карда шуд.

Мутаасссифона аз оғози фаъолияти ин равия то имрӯз ба қатори ҷонибдорони ақидаи фалсафии Шпенглер нафарони намоён, арбобони давлатӣ, олимони машҳур ва ҳатто якчанд президентҳои мамлакати ғарб низ ворид гардиданд. Натиҷаи ниҳоии падидаҳои манфии ҷонибдорони ин ақида солҳои охир дар атрофии ҳаракати «Антиглобализатсия» гирд омадаанд, ки аломатҳои рафтори онҳоро дар тамоми кураи Замин дучор гардидан мумкин аст. Дар масъалаи суст намудан, бартараф сохтан ва дар интиҳо решакан сохтани ақидаҳои террористию экстремистӣ роҳи ягонаи ҳалли муамморо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар баромади таърихии худ аз минбари баланди ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буд, ки моҳияти он дар муборизаи дастаҷамъона, муташаккилона ва хамҷояи тамоми давлатҳо ва мардуми хайрхоҳи башар инъикос меёбад.

Хулосаи умумие, ки аз гуфтаҳои болоӣ ва аз равандҳои дар нуқтаҳои ҷудогонаи ҷаҳон иҷро шуда истода нисбати амалиетҳои террористию экстремистӣ бармеояд, дар он зоҳир меёбад, ки ягон сарвари давлат дар солҳои наздик дар алоҳидагӣ ва мустақилона бехатарии хос ва устувории сулҳро дар ҳудуди мамлакати худ таъмин карда наметавонад. Ин кори дастаҷамъона ва муташаккили гурӯҳи давлатҳо, аниқтараш, амалиети коллективонаи тамоми инсонияти сулҳпарвар аст. Дар ҳалли ин масъалаи сиесии замонавӣ рафтори ҳар як фарди солимақл ва ватандӯст ҳиссаи худро бояд гузорад, чунки сухан на танҳо нисбати вайроншавии тартибот ё осоиштагии минтақаи муайяни мамлакати ҷудогона, балки зарбаи асосӣ ба самти дини мубини ислом равона шуда истодааст.

М.Х. Эгамов

декани факултети электромеханикаи

Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон