ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Ҷомеа ба хубӣ медонад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш солҳои 90-ум ба хотири ноором намудани авзои ҷомеа ва ҳамзамон аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон бо фармони хоҷагони хориҷияшон кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва зиёда аз 160 000 нафар шаҳрванди бегуноҳ аз дасти наҳзатиён ба қатл расонида шуд, ки ин гуноҳи нобахшиданӣ ва хиёнати бузург мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!