Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳӣ мусобиқоти варзишӣ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, деканҳои факултет, сардорони шуъбаҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ба ғолибони дастаҳои варзишӣ барои ишғоли ҷойи якум як адад компютер, барои ишғоли ҷойи дуюм ду планшет, ҷойи сеюм як адад планшет ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя муайян намуданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён ва кормандони Донишкада аз руи навъҳои волейбол, футбол, шоҳмот ва тенниси рӯи миз баргузор мегардад.
Шуъбаи иттилоот



