ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ САНГҲО: Т.ВАРҚӢ ШАЙТОНЧАЕ ДАР НИҚОБИ ДИН!

Ҳеҷ ба ақл рост намеояд, ки чӣ тавр як нафар майзада, як авбош ва фиребкору сигорӣ, як нафар шаробнӯш, дар садри раёсати созмони террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом меистода бошад?

Магар ислом макони майзадаву шаробнӯшон аст?!

Пас маълум мешавад, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҷ рабте ба дин надорад ва фақат саркардагонашу пайравонаш ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа аз дин сӯистифода менамоянду халос.

Темур Варқӣ яке аз хоинони наҳзатпараст ва ба ном журналисту дар асл хоин,  имрӯз ба хотири гумроҳ намудани мардум, фиреб додани ҷомеа аз дасташ ҳар коре меояд, мекунад, то ҷомеаро бовар кунонад, ки вай журналист аст. Аммо вақте ба ҳолномааш менигаред, фақат амалаш хиёнаткориву дасисабозӣ ва фиребкории мардум будаасту халос.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманона ва хиёнаткоронаи Т. Варақии хоинро, ки аз рӯзҳои нахустини пайдоиши ТТЭ ҲНИ бо онҳо буд, маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!