Президент-кафили суботи сиёсӣ ва давлатдории навини тоҷикон-семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, бахшида  ба 34-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Президент-кафили суботи сиёсӣ ва давлатдории навини тоҷикон” бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории муосири тоҷикон”,  сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими суботи сиёсӣ”, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз дар мавзуи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-кафили суботи сиёсӣ ва тарроҳи давлатдории навини тоҷикон” маъруза намуданд.

Таъкид карда шуд, ки  муҳимтарин ва арзишмандтарин рисолати таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин барқарорсозӣ ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол ва наҷоти миллат ва кишвар аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19-уми декабри соли 1992 дар мусоҳибаи худ бо хабарнигорон доир ба нақш ва мақоми ин иҷлосия дар таърихи навини тоҷикон ишора намуда, онро бешак иҷлосияи таърихӣ, ҳалкунандаи тақдири миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон унвон карда буданд.

Изҳор карда шуд, ки таърихро халқ эҷод мекунад, аммо пешбарандаи он шахсиятҳо мебошанд, аз ин рӯ дар таърих номи онҳо боқӣ мемонад. Шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар инкишофи давлатдории мо нақши калидӣ дорад, зеро маҳз ирода, дониш ва ҷасорату мардонагии ин абармард дар лаҳзаҳои душвортарини инкишоф ба кабул гардидани карорҳои таъриҳӣ ва ҳаллу фасл гардидани проблемаҳои давлату миллат мусоидат кард. Таҷлил аз Рӯзи Президент ин арҷгузорӣ бар садоқату самимияти миллат бар ин нобиғаи олами сиёсат мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳозирин филми мустанади “Марде аз сарнавишт” ба намоиш гузошта шуд.

Шуъбаи иттилоот