Санаи 13-уми ноябри соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмма ва мазҳакаи русии ба номи А.С. Пушкин»-и шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи Президент – рӯзи ифтихор, ваҳдат ва меҳри Ватан аст!» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳр Наврӯз Қодиров, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Умедҷон Солизода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлат Давлатзода, роҳбарону намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сарбозону афсарон, гирандагони гранту стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ҷомеа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар конфронси имрӯза, суханронӣ намуда, роҷеъ ба мавзуи “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳандис ва тарроҳи давлатдории навини тоҷикон” маъруза ироа сохтанд.
Суханронии ректори Донишкада дар сатҳи 10 нуктаи муҳими илмӣ ироа гардида, атрофи масоили муҳими давлатдории миллии тоҷикон, мақому манзалати ниҳоди президентӣ, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон, таҳкими истиқлолу суботи сиёсӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, барқарорсозии сохтори конститутсионӣ, рушди илму маориф, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ғайра сурат гирифт.





