Имрӯз, дар толори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмии бошукуҳ таҳти унвони “Пешвои миллат -рамзи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ” бо ширкати ректор, олимону пажӯҳишгарон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, масъалаи ниҳоди президентӣ ва ташаккули он, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бақои давлату миллати тоҷик суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз донишу заковати баланд ва фарҳанги волои роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз нестӣ ва давлатамонро аз нобудӣ наҷот дод. Бо кӯшишу талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз давлатҳои пешрафта ва орому осуда табдил ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо кард.
Таъкид карда шуд, ки шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти сиёсии ин абармарди арсаи сиёсат шиносномаи
Дар ҳамоиши имрӯза, ҳамчунин сармуҳаррири нашрияи “Шуълаи умед” Мақсудов М.А. дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ”, омӯзгор Азамова М. дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ “, декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди саноатикунонии босуръати мамлакат”, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар дар мавзуи “Рӯзи Президент- рамзи давлатдории миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ” маъруза намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш ҳамчунин муколама ва суолу ҷавобҳо сурат гирифта, ректори Донишкада ба фаъолон туҳфаҳои молиявӣ тақдим намуд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси садорати факултети электромеханика ва ташкилоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ эҳёи Тоҷикистон дар муассиса баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот




