ЗАМИН ЗИ ХУНИ ШАҲИДОН БА ҶӮШ МЕОЯД

Ҳоло дигар ҷаҳон ба он гунае, ки буд нест ва ҳаёт ҳам тараддуде ки дошт, кайҳо тағйир кардааст. Коронавирус ё КОВИД-19 маризие, ки шодиро ба мусибат ва оромиро ба нороҳатӣ иваз кардааст. Дар ин асно кишвар ва миллате нест, ки аз заҳри КОВИД-19 азизонашро аз даст надода бошад ва ё то кунун дар мубориза набошад. Нобаҳангом ин маризии ҳамагир ба кишвари мо ҳам қадам зад ва ҳаётро андак мушкил сохт ва миллатро ба андӯҳ гирифтор кард. Албатта, андӯҳ на аз он ки ин вабо имрӯз ба сари мардум омадааст ва на аз он ки имрӯз остони моро куфтааст, балки аз он ки ҳоло вазъияти ҷаҳонро ваҳим сохтааст. Зеро миллати тоҷик дар мубориза бо ин маризӣ ҳатман пирӯз хоҳад шуд ва ҳатман ҳамон нангу номус ва тоҷикияти ин мардум ин миллатро ноумеду маъюс нахоҳад кард.

 Аммо  чӣ кунем, боз дар ҳамин шабу рӯз ҳасатнд, тоифае, ки нангу номус ва хиради инсониро аз даст додаанд ва зархарид гаштаанд, чуноне, ки дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС”  хеле равшану амиқ муаллифон Раҳмонзода Азимҷон., Субҳиддин Зиёев., Фирдавс Мирзоёров чеҳракушоӣ намудаанд ва онҳое, ки аз ин ҳолати вазнин сӯистифода кардаанд, мавриди чеҳрашиносӣ ё худ тибқи талаботи илми ҷамъиятшиносӣ, ба риштаи омӯзиши илмӣ қарор додаанд, ки воқеан ҳам хеле кори пурарзиши илмӣ низ баромадааст.

Дар мақолаи мазкур, ки бевосита ба вазъи имрӯзӣ бахшида шудааст, муаллифон бисёр ҳам равшан ва мустанад гуфтаанду аз душманони аслӣ ва саркардагони хиёнат бар миллат ёд намудаанд. Ҳарчанд дар аввал аз ҳамон ғурур ва тоҷикият гуфтаанд: “Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.

  Пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ  қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.” Сипас шурӯъ кардаанд аз воқеияти имрӯз ва фазои иттилоотӣ, ки дар бисёре аз кишварҳо  ҳамаи расонаҳо ва муассисонаш доранд, мардуми хешро ҳамроҳӣ менамоянду бо ҷомеа ҳамдарданд. Лек дар ин миён пайдо шудаанд, тоифае ки дар ин вазъияти мушкил, ки инсоният бо марг дасту панҷа рост мекунад ва бо оташ тақдири хешро дар мусобиқа мегузорад, табли шодӣ бизананд ва вазъи мавҷударо, ки дар тамоми ҷаҳон яксон арзёбӣ мешавад ба гардани ин ё он нафар бор созанд. Ва аниқтараш ин ҳолатро ба бозиҳои сиёсӣ бикашанд ва аз ин маврид истифода намуда, миллатро ба гумроҳӣ баранд.

Инро ба таври дигар муаллифон дар мақола ба ин тарз нигоштаанд: “  Дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ  бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.

Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.” Ана ин аст, амали душман ва ҳамлаи ноаёни фарзанди бадкеш ва ҳаромзода.

Манҳусоне мисли “…Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.”, ки ин чиз ҳатман рӯзе дар сафҳаҳои таърих бо номи бӯҳрони мағзии наҳзатиён ё ин ки тинати бад дар роҳи мушкили миллат.

Гумон мекунед, ки ин ҳама хиёнат ва хоинии ин тоифаи наҳзатӣ бемасраф аст?

Ё ин ки ин ҳама хиёнати ин авбошони наҳзатӣ ҳамин хел беподош аст?

Ба ин масъала муаллифон дар мақола чунин равашнӣ андохтаанд : “Дар олам, дар мулки сармоя, дар Аврупо нафаскашӣ ҳам пул меистад. Оби ошомиданӣ, ки гушаву канори Тоҷикистон сарчашмаи он аст, аз нархи нафту газ якуним-ду баробар гарон аст. Сайтҳои  моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ. ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд ва ин қадар ҷон мекананд, магар аз кисаи Кабириву Салимпур пул мегиранд? Албатта, не. Ин хоинӣ қимат дорад. Пул меистад. Кишваре, ки давлати моро як бор ба хоку хун кашид ва кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги оламро доранд, ба ин ватанфурушон пул медиҳанд. Пулро мақсаднок медиҳанд. Ана ҳозир аз ҳисоби фоҷеаи мардуми худ гурҳоро сузонданӣ мешаванд, ки дегҳояшон ҷӯшанд. Аммо яқин дониста бошанд, ки ин мушкил мегузарад. «Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд. Чунон намонд вачунин ҳам нахоҳад монд». «Зимистон мегузарад рӯйсиёҳӣ ба зуғол мемонад». «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ».  Омода бошед!”

Як чизро набояд фаромӯш кард, ки ин наҳзатиёни палид зиёда аз 160000 аҳолии бегуноҳи кишварро шаҳид сохтанд ва ин ҳам ба хотири маблағу шод сохтани хоҷаи хориҷияшон буд. Акнун боз мехоҳанд дар тангтарин фурсат ва сангинтарин лаҳза миллатро ба гумроҳӣ баранду ба чашми миллат хок пошанд.

Дар охир аз қавли шоир ҳаминро илова карданӣ ҳастам, ки “Замин зи хуни шаҳидон ба ҷӯш меояд”, аммо ин палидони наҳзатӣ дар фирки ба даст овардани маблағу хиёнат бар миллатанд, ки баррҳақ аз тирагии ақлу сифати пасти инсонияшон дарак медиҳад.

Меҳвар Абдусаломов

устоди донишкада