ЗАБОНИ ШИКВА БА ХАШМИ ЗАМОНА АФЗОЯД

«Як сол пеш – 29 июли соли 2018 – дар ноҳ­ияи Данғара 4 сайёҳи хориҷӣ – ду амрикоӣ, як нафар аз Ҳолланд ва якеи дигар аз Швейтсария – ба як сурати бераҳмона кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон алакай як рӯз баъд эълон кардан­д, ки аз 5 ҳамлагар 4 нафараш кушта шуда, роҳбари онҳо – Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) дастгир шудааст. Нахӯдовро баъдан ба ҳабси умрбод маҳкум карданд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба ӯҳда гирифта, видеои қабл аз анҷоми ҳамлаи Данғара ба “халифа­”-и худхондаи ин гуруҳ Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурдани он 5 ҳамлагарро нашр кард. Вале мақомоти Тоҷикистон изҳороти ДОИШ-ро кӯшиши гӯл задани тафтишот номида, ангушти иттиҳом ба сӯи ҳизби оппозитсио­нии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) баланд карданд, аммо бо гузашти як сол далелҳои шайъие ироа карда натавонистанд, ки даст доштани ҲНИТ дар ин ҳамларо собит кунад. Аз замони қатли кормандони Созмони Милал дар Нуробод аз сӯи нафарони Мулло Абдулло ва куштори Карин Манн дар ҷараёни амалиёти зидди гуруҳи Ризвон Содиров дар Тоҷикистон чунин ҳамлаҳо ва қатли ошкору ҳадафмандони шаҳрвандони хориҷӣ рух надода буд ва ҳамлаи Данғараро ҳамаро ба шок андохт»

Ба ин маводи нашршуда дар шабакаи интернет аз ҷониби мухолифин чи метавон илова намуд?

Нахуст, сайди сайёҳони хориҷӣ тибқи тафтишоти анҷомдодаи мақомот тарҳи як сол пеш кашида шуда буда, авбошон ба дастури хоҷаҳои худ дар рузи равшан ба велосипедсаворон ҳамла карданд.

Дуюм, ҳангомасозӣ аз ин амали ваҳшиёна ҳушдор додан аз мавҷудияти тудаи тундгарои исломӣ буд.

Сеюм, даҳшатафканӣ ба аҳолии маҳаллӣ ва меҳмонони мамлакат, ки гуруҳи тарористӣ амал мекунад.

Дуруст аст, ки баъди ин ҳодиса дар саросари Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ густариш ёфта, чеҳраи аслии душман ошкор гардид.

Тоҷикистон дари худро барои меҳмонони хориҷӣ боз нигоҳ доштааст ва таъмини амнияти онҳо рисолати аслии мақомот ва шаҳрвандони ватандусти мамлакат аст.

 

Ф.Мирсаидова, омузгори ДКМТ