Диққат! Озмун баргузор мегадад.

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи нерӯи зеҳнии донишҷӯён, ҳавасмандгардонии донишҷӯёни болаёқат ва баланд бардоштани мақому мартабаи онҳо, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмию техникӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ, дар оянда тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва ба ин васила дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати илмию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аввали соли 2023 дар донишкада байни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва кормандони илмию омӯзгории то синни 25-сола озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ – 2023» ташкил ва баргузор менамояд. Даври аввали озмун дар факултетҳо баргузор гардида, корҳои илмӣ-таҳқиқотии беҳтарин то санаи 10 феврали соли 2023 барои иштирок дар даври ниҳоии озмун ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод карда шаванд. 
 

Раёсати илм ва инноватсия

Телефон барои тамос: 92 984 05 88»