Шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи садорати  факултети корҳои кӯҳӣ бо иштироки декани факултет Самадова Гули,  муовини декан оид ба тарбия Холбоев Рафиқҷон , муовини декан оид ба илм Исоева А., эдвайзери факултет Бадалов Ҷ. ва мураббиёни гурӯҳҳои амадемии факултет баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим аз ҷумла давомоти донишҷӯён, одобу рафтори донишҷӯён, раванди тарбия ва ширкати донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани ҳисси баланди ватандӯстӣ, фаро гирифтани донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ ва ғайра баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Ҷаласаро нахуст,  декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Г.М. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба маориф  суханронӣ карда, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаро шартӣ муҳим ҳисобид. Ҳамчунин, ӯ арз намуд, ки дар назди мо имсол як қатор вазифагузориҳо шуд, ки дар ин самт моро зарур аст, то бештар ҷаҳд намоем. 

Сипас, муовини декан оид ба тарбия Холбоев Р. дар бораи саноатикунонӣ ва азхуд намудани илму дониш сухан ронда, рушди инсониро дар пешрафти илму дониш ва баланд гардидани сатҳи маърифат донист. Дар масъалаҳои ҷорӣ  бошад, эдвайзери факултет Бадалов Ҷ. оид ба давомоти донишҷӯён ба мураббиёни гурӯҳҳои амадемӣ маълумот пешниҳод намуд.