Диққат! Донишкадаи Конфутсий ба чорабинӣ даъват менамояд!

Тибқи иттилои ба даст расида аз Донишкадаи Конфутсий фардо, яъне санаи 14.06.2023с. соати 10:00 дар толори Шӯрои олимони донишкада чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти даври баҳории омӯзиши забони чиноӣ  дар бахшҳо бо ширкати меҳмонону  донандагони хуби забони чиноӣ баргузор мегардад. Қарор аст, дар чорабинии мазкур фарҳанги чинӣ низ муаррифӣ карда шавад, ки чорабиниро боз ҳам рангинтар месозад ва ҳамзамон ғолибон бо мукофоту дипломҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ба ҳамин лиҳоз, аз олимону омӯзгорон, аҳли ДКМТ ва дӯстдорони забону фарҳанги чинӣ хоҳиш менамоем, ки дар ин чорабинӣ ширкат намоянд. 

Вуруд ба ин чорабинӣ озод аст.