Сипоснома, муборак устодони арҷманд!

Имрӯз, фаъолияти ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати баҳорӣ бо тантана дар шаҳри Бӯстон ҷамъбаст карда шуд. Дар ситоди мазкур ба як қатор фаъолон, мукофоту ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.
Аз ҷумла дар ин чорабинӣ барои ҳамкории судманд, тарғиби ғояҳои баланди ватандӯстӣ, тарбияи дурусти чавонон, ҳамкорӣ бо ВМҶТ ба се нафар олимони донишкада: ректори донишкада д.и.и., профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.