Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Додохонова Фотимаро, ки ҷиҳати ба кор таъмин гардидан муроҷиат намудааст, қабул намуд. Дар қабули шаҳрванд ҳамчунин сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Сулейманова Назокат низ ширкат намуд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба шаҳрванд ваъдаи мусоидат дода, таъкид намуд, ки мо ҳамеша ҳаракат менамоем, то дар мушкилоти ҷомеа расидагӣ намоем ва шаҳрвандонро дастгирӣ намоем. Сипас, ба масъулин дастур дод, ки шаҳрвандро аз рӯи ихтисос ба кор таъмин намоянд.