ДИН АГАР ИН АСТУ ИМОН ИН…

Дар ҳошияи мақолаи “Дин ва арзишҳои миллӣ”-и ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА – Сархатиби вилояти Суғд ҳаминро гуфтаниям, ки мавзуъ воқеан ҳам дархури замон аст.

 «Замоне дар Мисри бостон исломгарон сари ҳокимият омада, давлатро ба нестиву нобудӣ оварда расониданд.» Инро дар куҷое хонда будам ва ҳар замон, ки Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва ё худ пайравон, аниқтараш зархаридони он садо баланд мекунанд он ба хотирам меояд ва худ ба худ андеша мекунам: Магар ин қадар ҷабру ҷафое, ки солҳои 90-уми асри гузашта бар сари халқу миллати мо омад басанда нест? Чаро онҳо дидаю дониста ба халқу миллати хеш хиёнат мекунанд? Магар ислом ба ҳизбу ҳизбиён эҳтиёҷ дорад?

Аслан аз руи фаҳмиши худам ва тибқи шунидаҳоям низ медонистам, ки ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад. Вақте бо яке аз шахсони наздики Мулло Абдуллоҳи Нурӣ, ки робитаи зичи хонаводагию ҳамкорӣ доштанд, исломшинос Мулломаъруфи Истаравшанӣ суҳбат доштам,  мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампурро бо яке аз асосгузори  ҲНИТ дар ҷумҳурӣ, махсусан Кулоб, Мулло Абдураҳим, ки дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун қумандони пешқадам ва муборизи мухолифин мешинохтанд, хондам  сад дар сад бовар ҳосил намудам, ки умуман ба ҲНИТ на фақат эҳтиёҷ нест, балки қатъ намудани фаъолияти чунин ҳизб ногузир аст. Дар ин суҳбатҳо маълум гашт, ки Ҳизби исломиро аз берун маблағгузорӣ мекунанд. Маълум, вақте ки роҳбарони ин ҳизбҳо манфиатдоранд ва айшу ишрат аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ доранд, дигар ба қафо баргаштан намехоҳанд ва ё наметавонанд. Натиҷаи чунин айшу ишратҳост, ки ду зуҳуроти манфии барои шахсият, ҷамъият ва давлат хатари махсус дошта-экстремизм ва терроризм рў ба инкишоф ниҳодааст. Дар замони муосир ҳизбу ҳаракат ва ҳаводиси террористию экстремистӣ, ки бештар ба исломи сиёсию мазҳабӣ рабт дорад, ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Мулло Маъруф мегуяд «Ман ягон вақт узви ҲНИТ набудам…» ва Мулло Абдураҳим мегўяд «Айни замон ман узви Ҳизби наҳзат нестам ва бо он ҳамкорӣ ҳам надорам. Ин беҳуда нест, зеро аз таҷрибаи рўзгор дарк кардам, ки ҳизбҳои исломӣ бар манфиати ислом нестанд. Дар Афғонистон ба ҷомеа фоида не, зарар доштани ҳизбҳои исломиро амиқтар фаҳмидам. Афғонистон бароям як мактаби бузург буд…»

Агар онҳое, ки бо созмондиҳандагони ҳизб ин қадар наздикӣ доштанд, чандин солҳо бо онҳо ҳамкорӣ доштанд ва ё худ аз созмондиҳандагони ҳизб маҳсуб меёбанд, аз фаъолияти он норозӣ бошанд, пас ба ин ҳизб кӣ эҳтиёҷ дорад? Танҳо онҳое, ки аз фаъолияти ин ҳизб суйистифода доранд, ҷавононро гумроҳ намуда, онҳоро бо мақсадҳои нопок ҳам ки бошад барои манфиати хеш истифода мекунанд. Агар чунин намебуд, ин қадар ҷавонону наврасони мо ба вартаи ҳалокат гирифтор намешуданд, чандин оилаҳо вайрону модарон зор-зор гирён намешуданд.

Масалан аз Истаравшан низ нафароне ёфт шуданд, ки Ватани ободу озоди худро тарк намуда, имруз дар хориҷ қарор доранд. Бинобар гумроҳӣ он ҷо истода ба зодгоҳи азизашон сангпартоӣ доранд ва халқу миллати хешро маломат мекунанд. Шояд надонанд, ки волидони  онҳо дар фироқи фарзанд, фарзандонашон дар ғами падар чӣ ҳоли зор доранд. Ё худ дар Тоҷикистон чӣ намерасид ба онҳое, ки дар ҷангҳои бемаънии Сурия иштирок намуда, ба ҳалокат расидаанд.

Вақте бо падару модари як нафар шаҳрванди Истаравшанӣ Холиқов Раҳимҷон Назирович, ки бо «ҳидоят»-и чунин ҳизбу ҳаракатҳо роҳгум задааст, суҳбат доштам ашк гулўгирам кард. Ҳоли зори модари гирёну падари танаш аз ғаму андуҳи писари нахустинаш, ки дар куҷо буданаш номаълум аст, ба дард печидаро дида, дигар тоқат карда натавонистам… Вақте шунидам, ки ҳатто занони тоҷик низ дар Сурия қарор доранд, боз ҳам ба ҳайрат афтодам, ки чӣ ин модаронро маҷбур сохта, ки ба мамлакати ҷангзада раҳсипор шаванд? Вақте иттило гирифтам, ки дар маҳаллаи Навоии шаҳри Истаравшан аз он ки хабари фавти модару фарзанди дар Сурия ҳалокгардида расидааст, маросими мотам доранд, фиғонам ба осмон баромад. Чӣ намерасид ба Аскар Қурбонови 24 сола, ки ба Сурия рафта ба ҳалокат расида бошад? Чӣ шуд ба модари ў Рафоат Ҳоҷиеваи 45 сола, ки ба ҷойи даъвати фарзандаш ба Ватан аз паси ў рафтаю гўё дар он ҷо ба ҳалокат расидааст. Имрўз дар ин оила, ки қаблан аз меҳри падарӣ маҳрум буданд, ягона Алишери 17 сола мондаю дар фироқи модару бародари худ шояд ҷигараш пора-пора гашта…

Тибқи итилои расонаҳои хабарӣ дар тамоми давлатҳое, ки ҳизбу гурўҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Барои мисол метавон гуфт, ки дар кишварҳои ҳамҷавори мо, масалан Афғонистон аз соли 79-уми қарни гузашта байни беш аз 20 мазҳаби динии исломӣ ҷанг идома дошта, то ҳанўз натиҷаи мусбие ба бор наовардааст. Дар дигар кишвари исломӣ-Покистон бошад, аз он ҳам бештар азҳоби исломӣ арзи вуҷуд намуда, аз кашмакашҳои байниҳамдигарии онҳо низ ба ҷамъият нафъе нарасидааст, балки тибқи маълумотҳо ин талошҳои бемаънӣ харобиҳои зиёде ба бор оварда, на фақат ба худи Покистон, балки ба ҷаҳони мутамаддин  ҳазорҳо талафотҳои ҷонию миллионҳо долар зарарҳои молӣ ворид намудааст.

Дар ин бора садҳо рисолаю мақолаҳо ба чоп расида, ин ақидаро собит менамоянд.Дар мақолаи Номвар Қурбон «Манфиатҳои миллӣ ва мавқеъгирии руҳониён»(«Минбари халқ» №42 (969) аз 16.11.2014) омадааст: «…23 соли соҳибистсқлолӣ  нишон дод, ки идеологияҳои гуногуни дар фазои Тоҷикистони пасошўравӣ баамаломада на мафкураҳои созандаю пешбарандаи ҷамъият, балки афкори догматикию схоластикӣ ва фундаменталию манқуртии исломӣ мебошанд. Бинобар ин наметавон бо чунин андешае, ки на суханони дигаронро қабул дораду на далелҳои таҷрибавии илмиро эътироф менамояд, ҷомеаро ба пеш бурд.”

Дар рисолаи “Ҳизби исломӣ бидъат ва ҳаром аст”-и Эшони Фахрузамон омадааст: “Эмоми Аъзам ҳизб надошт… Эмоми мо ҳеҷ гоҳ дар муқобили халифаи давр Абу Ҷаъфари Мансур гурӯҳ ё ҳизб ташкил накард, то мардумро ба тафриқа наандозад. Аслан ҳизбҳои сиёсии исломӣ, ки дар корхонаи фитнаистеҳсолкунӣ бо даст ва нақшаи душманони ислом ба вуҷуд меоянд, ҳадафи барҳам задани иттиҳоди мусулмононро дошта, дар асри ХХ тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шуданд. Ислом ин амалро бидъат (навоварӣ дар дин) медонад.»

Пас чаро онҳо бо чуни роҳ мераванд, ба фитнаю дасисаи душманони миллат дода шуда, барои манфиати шахсӣ шуда ба Ватани азизашон хиёнат мекунанд? Оё мусуломонӣ чунин аст? Магар мўъмини мусулмон касе нест, ки нафс ва амволи дигар бандагон аз ў дар амон бошад?

Магар он “мусулмонон” намедонанд, ки “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар!” Магар намедонанд, Ватан дар чи ҳолате, ки набошад, хоҳ обод бошаду хоҳ вайрона Ватан аст ва ватандор бояд ба он хиёнат накунад! Ҳолонки, шукри Худо, Тоҷикистони азизи мо ободу зебо, тамоми шароити зиндагии омиёна муҳайё, озодии сухану озодии виҷдон ҳукмфармо, дари масчиду мадрасаҳо боз!

Дар баробари ин  тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва сол ба сол коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат мебошад.Дар ин раванд бунёди инфрасохтори муосир ва устувори ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ҳамчун вазифаи асосии Ҳукумат эътироф шудааст.

 

Тавре медонем, тўли солҳои гузашта тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфтан дорад. Ва дар чандин баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд шудааст, ки “…Вале ҳамаи ин пешравиҳо боиси қаноатмандӣ шуда наметавонанд, зеро мо медонем, ки дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти халқамон ҳанўз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд ва мо тамоми саъю талош ва захираю имкониятҳоямонро барои рафъи он сафарбар месозем.”

Албатта, камбудиҳо ҷой доранд ва онро на фақат наҳзатиён, балки ҳама медонанд. Аммо бартараф намудани ин норасоию камбудиҳо на бо “дасти кумаки” хориҷиён, балки бо саъю талоши ватандорон, меҳнати ҳалолу покизаи мардуми кишвар бо сарҷамъӣ дар атрофи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат ба даст меояд.

Мо бояд Ватани худро аз таҳти дил ва баробари ҷон дўст дорем, шукронаи парвардигор кунем, ки озоду обод ва соҳибватану соҳибистиқлол ҳастем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири боз ҳам пешрафту ободии он дастҷамъона заҳмат кашем.

 

 

Абдуваҳҳоб Мутавалиев,

устоди кафедраи корҳои канданиҳои фоиданоки

Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон