Донишҷӯён дар таҷрибаомӯзӣ донишҳои хешро тақвият медиҳанд

Имрӯз, омӯзгори кафедраи коркарди карданиҳоли фоиданок Бобоҷонов Савриддин донишҷӯёни бахши дуюмро ба экспедитсияи геологии Қайроқум бурда, бо онон аз рӯи нақша корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид ва сипас ба онон тарзи кор ва шинохт аз соҳаро фаҳмонид.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури раёсати донишкада тамоми донишҷӯён бояд таҷрибаомӯзии хешро дар корхонаҳои саноатӣ, пажӯҳишгоҳҳои геологӣ гузаронанд ва бо ҳамин роҳ донишҳои хешро сайқал диҳанд.

Шуъбаи иттилоот