Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни бахши дуюм дар кони Такилӣ (Чорухдарон) зери роҳбарии Анвар Отаев

Санаи 31 – уми май аз тарафи кафедраи геология ва корҳои нафту газ омӯзгори калон  Отаев А. О. ва ассистенти кафедраи геология ва корҳои нафту газ Ғуломҳайдарова Хурмо ба таҷрибаомӯзии донишҷӯёни гурӯҳи 510101 бахши 2 ихтисоси Геология ва конҳои канданиҳои фойданок дар кони Такилӣ (Чорухдарон) сафарбар карда шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот Мирбобоев Ш. Ж. муаллими калони кафедраи мазкур хабар дод. Донишҷӯён дар кони Такилӣ (Чорухдарон) зери роҳбарии омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Отаев Анвар Отаевич ва Ғуломӯайдарова Хурмо таҷрибаомӯзиро  гузарониданд.

Донишҷӯён нахуст бо техникаи бехатарӣ ва коргарони кони Такилӣ (Чорухдарон) шинос гардида, сипас ба кони ангишт рафта,   бо майдони шахтави Шӯроб, таҷҳизотҳои куҳию истеҳсолӣ ва корҳои гузоронидани тадқиқоти геологи шахтавӣ, бо 2 конҳои охаксанг ва гипси кони Араб аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Зимни ташриф  донишҷӯён аз тарзҳои истифодабарии таҷҳизотҳои майдакунии ҷинсҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳои ангишт, намудҳои дасгоҳҳои шахтавӣ ва дигар таҷҳизотҳои ёрирасон аз наздик шинос гардиданд ва тасаввуроти муҳандиси геологи пайдо намуданд.

Донишҷӯён дар корхонаи ма3кур бо кормандони соҳаи саноати коркарди конҳои канданиҳои фойданоки ангишт, охаксанг ва гипс суҳбат намуда, барои комил сохтани донишҳои хеш чандин қолабҳо дар тарҳи ватаниро таҳия намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фойданок таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мебошад.

Шуъбаи иттилоот