Вохӯрии донишҷӯён ва ҳадяи китобҳои бадеӣ ба сарбозон

Дирӯз, бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ дар қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ ва 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Корвони ватандӯстӣ” дар қисмҳои низомии зикршудаи шаҳри Бӯстон як қатор чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, мусобиқаҳои рафиқонаи варзишӣ, аёдати модарон ва рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба китобхонаи қисмҳои низомӣ 30 ададӣ китобҳои тазанашр бо фарогирии асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори шоиру нависандагони классик ва муосир ва маҷмӯи адабиёти бадеӣ аз ҷониби донишҷӯён тақдим карда шуд.