Имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки як гурӯҳ аз хоинони ватанфурӯш берун аз ватани азизамон истода, бар алайҳи миллати тоҷик, давлати миллии тоҷикон санг мезананд ва бо баҳонаҳои гуногун андешаҳои хоинонаи хешро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо болои сари ҷавонон таҳмил карданӣ мешаванд, ки ин амали нобахшиданист. Душманони миллати тоҷик ҳамарӯза бо туҳмату бӯҳтонҳо, мехоҳанд бар рушди миллати тоҷик, давлати миллии тоҷикон халал расонанд ва бо ҳар баҳонае мағзшӯӣ намоянд. Яке аз чунин нафарони бешараф, хоин ва ақлбохта, душмани пешрафти Тоҷикистон, душмани саодати миллати тоҷик ин Муҳаммадиқболи Садриддини террорист(Иқболбии ғулом) мебошад, ки ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ ва африқоӣ зиндагӣ мекунаду бо туҳмату дасисабозӣ, бо истифода аз номи дину мазҳаб мехоҳад ҷавононро гумроҳ созад, ки ин амали нодуруст ва ғайриинсонӣ мебошад.
Қайд бояд намоям, ки ин махлуқи ақлбохта ва хоин Иқболаки ахмақ бештар ғаразҳои молиявии хешро дар аввал гузошта, бо номи дину мазҳаб ҷавононро гумроҳ месозад. Ҳар як навору мактубҳои сохати ин хоини хонабардӯш ва дур аз Ватану ғулом бори дигар исбот менамоянд, ки мақсадҳои душманонаи Иқболбӣ бар зидди миллати тоҷик, бар зидди саодати миллат равона карда шудааст.
Дар таърих мо хуб медонем, ки саркардагони ташкилоти террористии наҳзат аз аввал мақсадашон мубориза бар зидди давлатдории тоҷикон буд ва ҳатто барои ин аз хоҷагони хориҷияшон пул мегирифтанд ва имрӯз ҳам террористчаҳои наҳзатпарасту бегонапарасту ғуломтабиат думболи ҳамон хоҷагонашон ҳастанду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Лоиҳаи Иқболбии пастфитрат идомаи ҳамон нақшаи бузурги душманони миллати тоҷик аст, ки имрӯз ҳам бо усулҳои муосир бар зидди тоҷикон ва давлатдории миллати тоҷик амалӣ гардидаистодааст.
Насли ҷавон бояд огоҳ бошад, ки мақсади беномусони террористи ватанфурӯш ва хоину ғуломи хоҷагони хориҷӣ ба мисли Иқболбӣ фақат ва фақат зиён расонидан бар миллати тоҷик, давлатдории тоҷик ва рушди кишвари тоҷикон мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки рушди давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати комил аз масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд вобаста мебошад ва мо бояд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолу саодати миллат бар алайҳи душманони миллати тоҷик, махсусан зархаридон ва террористони наҳзатӣ мубориза барем ва ҳақиқатро исбот созем, ки душмани саодати миллати тоҷик, душмани суботи тоҷик ҳамин наҳзатиёни террорист ва ватанфурӯшу хоин мебошанду Иқболбии террорист ҳам шохае аз ин террористони душманниҳод мебошад.
Бояд таъкид намоям, ки бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурдан, бар зидди давлатдории тоҷикон мубориза кардан ва миллати тоҷикро таҳқиру тавҳин кардан, санг задан бар миллат кори бешарафон ва беномусону хоинон мебошад.
М. Садриддини террорист ва хоини миллати тоҷик мебошад ва миллати тоҷик ҳаргиз ин террорист ва беномусро намебахшад.
О. Зардуштмеҳр
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
