Мактуби иттилоотӣ

Санаи 11 – уми марти соли 2023 дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ – амалии
байналмилалӣ дар мавзӯи «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ ДАР
ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАСИСҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ СОҲАИ КӮҲИЮ
МЕТАЛЛУРГИИ КИШВАР», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040
«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму
маориф» баргузор мегардад.
Самтҳои илмии конфронс:
 Нақши фанҳои дақиқ дар раванди коркард ва истифодаи технологияҳои
пешқадам барои саноати кӯҳию металлургии кишвар;
 Омодаи мақсадноки мутахассисони самти мошинсозӣ барои соҳаи саноати
кӯҳӣ;
 Методикаи таълими фанҳои дақиқ барои баланд бардоштани сифати таълим дар
омода намудани мутахассисҳои соҳаи кӯҳию металлургӣ;
 Имкониятҳои истифодаи дастовардҳои технологияи пешқадами иттилоотию
коммуникатсионӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаи кӯҳию
металлургӣ;
 Истифодаи усулҳои иқтисодӣ-математикӣ, оморӣ ва технологияҳои рақамӣ
барои ҳалли муаммоҳои рушди саноат;
 Истифодаи дастовардҳои илмҳои дақиқ дар ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва экологии рушди саноат;
 Муаммоҳои тадбиқи ҷамбаъҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
забони давлатӣ” баҳри омода намудани маводҳои таълимию методии самти
фанҳои дақиқ.
Забони конференсия: Конференсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
гузаронида мешавад. Забони фишурда ва ё маърӯзаҳо ихтиёрист.
Олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо, докторантҳои равияи PhD ва
хоҳишмандоне, ки дар кори конференсия ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд
маводҳои худро то санаи 1 – уми марти соли 2023 ба суроғаи электронӣ Shohin8888@mail.ru ирсол ва ё дар шакли чопӣ ба суроғаи 735730, вилояти Суғд, шаҳри
Бӯстон, кӯч. А. Баротов 6, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, кафедраи
Математикаи олӣ ва информатика аз рӯи талаботҳои зерин ирсол намоянд:
а) матни фишурда ё пурраи маърӯза;
б) варақаи иштирокчии конференсия.
ТАЛАБОТ ОИД БА МАТНИ ФИШУРДА ВА МАҚОЛАҲО
Матни фишурда – 2 ё 3 саҳифаи пурра ва ё мақола то 8 саҳифа, ки дар принтер
бо фосилаи 1.0, бе ислоҳкунии дастӣ дар қоғази сифатноки сафеди андозаи А4
(210х297 мм) бояд пешниҳод шавад. Ҳошияҳо аз боло, поён, чап ва рост-20 мм.
Номи маърӯза бо ҳарфҳои калон ба таври симметрӣ ҷойгир шавад. Баъди 2 интервал
ном ва насаби муаллиф, дар сатри оянда номи ташкилот. Редактори матнии
тавсияшаванда: MsWord шрифт Times New Roman ё Times New Roman Тj андозаи 14
п.т. Ба ҳиҷо ҷудокунии калимаҳо дар сарлавҳа иҷозат дода намешавад. Расмҳо,
диаграммаҳо ва схемаҳо бояд бо формати *bmp, *gif, *jpeg иҷро карда шаванд.
Дар варақаи алоҳида маълумот дар бораи иштирокчиён мувофиқи «варақаи
иштирокчии конференсия» пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршударо на дертар аз мӯҳлати муқарраршуда ба
суроғаи болозикр дастрас намоед.
Дар ҳолати мувофиқат накардани маводҳои ирсол шуда ба мавзуи кории
конференсия ва ё риоя нашудани талаботҳои гузошта шуда, кумитаи тадорукот
бе огоҳии муаллиф(он) фишурдаи маърӯза ва ё мақоларо аз эътибор соқит мекунад.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Телефони иртиботӣ: +992 92 753 19 88
+ 992 92 735 35 32
Суроғаи электронӣ: Shohin-8888@mail.ru