Ифротгароии динӣ яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти инсонӣ ва суботи давлатӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳи ҷавонон ба он аз ҳама бештар осебпазир ҳастанд. Мақсади мо низ дар ин мақола муайян намудани омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва асоснок кардани чораҳои пешгирии маҷмуии ин масъала мебошад.
Ифротгароӣ (экстремизм) ақидаву амалест, ки ба андозаи ифроти мавқеъҳо, рад кардани ақидаҳои дигар ва тарафдории истифодаи зӯрӣ барои расидан ба ҳадафи хос мебошад.
Радикализатсия раванди тадриҷии қабули чунин ақидаҳост, на қарори яквақтаи шахс ба шумор меравад. Бояд ифротгароиро аз имони самимӣ фарқ кард: он дин нест, балки истифодаи сиёсии рамзҳои динӣ барои ҷалб ва идоракунии одамон мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бар ифротгароӣ мубориза бо дин нест, балки ҳимояи дин аз сӯиистифода аст.
Осиёи Марказӣ дар садсолаи асри XXI яке аз минтақаҳое буд, ки ба сафи ҷангиёни хориҷӣ шумораи назарраси ҷавононаш шомил гардидаанд. Бисёр таассуфовар аст, ки дар сафи ҷангиёни хориҷӣ аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷавонони кишвари мо низ анқариб буд гумроҳ шаванд. Дар кишвари Туркия чандин нафар ҷавонони гумроҳ, ки бо мақсади пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ сафар мекарданд, тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони азм барои иштирок дар гурӯҳи ташкилоти терористии ДОИШ дошта нисбат ба ширкаткунандагони он дар ин ҷангҳо бештар будаанд.
Фирефташавии ҷавонон аз як чанд самт ба обрӯву эътибори миллат дар сатҳи байналмилалӣ низ халал ворид мекунад.
Оқибатҳои ифротгарӣ дар дохили кишвар ҳам зоҳир шуда буданд. Моҳи июли соли 2018 дар ҷануби Тоҷикистон ҳамлаи ба сайёҳон сурат гирифт, ки дар натиҷа ду амрикоӣ, як ҳолландӣ ва як швейтсарӣ кушта шуданд ва ин аввалин ҳамла дар минтақа буда, созмони террористии ДОИШ алоқамандии худро дар ташкил ва баргузории он бар дӯш гирифт.
Пӯшида нест, ки шӯришҳои зиндонҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии он гумроҳон ва ифротиён буданд, дар моҳи ноябри соли 2018 боиси 50 марг ва дар охири моҳи майи соли 2019 боиси тақрибан 32 марг гардиданд.
Тибқи ҳисоботи Созмони байналмилалии муҳоҷират, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нестанд. Аксари синни муҳоҷиронро, ки ҷавонон ташкил медиҳанд, сатҳи пасти маърифатнокӣ ва ҳиссиёти баланди боварӣ ба дин чунин ҷавононро ба доми ифротгароӣ ва билохира марг мекашад.
Муҳоҷират аз як тараф даромади оилаҳоро баланд бардорад, аз тарафи дигар, муҳоҷири ҷавон дар муҳити бегона, бе ҳимояи ҳуқуқӣ ва аксар вақт дар танҳоӣ мемонад, ки ин онҳоро ба таъсири ҷалбкунандагон осебпазир мегардонад.
Камсаводии динӣ, яъне надонистани асосҳои дин аз манбаъҳои боэътимоди илмӣ, ҷавонро ба тафсирҳои сатҳӣ вобаста мекунад. Ҷалбкунандагон оятҳо ва ҳадисҳоро бо мақсади фиреб ва гумроҳ кардани ҷавонон истифода мебаранд. Таҳқиқоти Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм (ICCT) нишон додааст, ки радикализатсия ҳатман ба дараҷаи тақвои пешинаи шахс вобаста нест, яъне ҳатто ҷавонони ба дин камтар ошно низ метавонанд қурбон шаванд. Аз ин рӯ мавҷудияти панҷ ё даҳ омил ба таври комплексӣ таҳлил мешавад, на ягон омили ягона.
Яке аз ин омилҳо ҳолати равонӣ ва оилавӣ мебошад. Танҳоӣ, хориҷ шудан аз ҷомеа, бӯҳрони ҳувият ва набудани муоширати кушод бо волидон ҷавонро ба ҷустуҷӯи «оилаи ҷойгузин» водор мекунанд. Гурӯҳҳои ифротӣ айнан ҳамин эҳтиёҷро қонеъ мекунанд.
Дигар омил ин омилҳои технологияҳои рақамӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо асоси таблиғоти ифротгароӣ шудаанд. Таҳлилгарон афзоиши ҷавононро дар шабакаҳои ифротӣ тасдиқ кардаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳон хавфи ҷиддӣ дорад.
Тадқиқотҳо одатан чор марҳилаи шартиро ҷудо мекунанд:
Ҷалб ва боварӣ: ҷалбкунанда дӯстӣ ва диққат пешниҳод мекунад.
Ҷудосозӣ: ҷавон аз оила, дӯстон ва муҳити мазҳабии маҳаллӣ дур карда мешаванд.
Мағзшӯйӣ: манзараи дуқутбаи «мо ва онҳо» ва «ҳақ ва ботил» таҳмил мешавад.
Ба амал даровардан: ба сафар, дастгирии молиявӣ ё иштирок дар хушунат даъват мекунанд.
Дар марҳилаи ҷалб ваъдаи маош, «ҷаннат» ва «ҷиҳод» истифода мешавад, ҳол он ки воқеият аксар вақт марг, маъюбӣ, асирӣ ва ҳабс аст.
Ифротгароӣ оқибатҳои бадфарҷомро доро аст. Барои шахс талафоти ҷонӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз байн рафтани таҳсил ва касбро сабаб мешавад. Барои оила азобу изтироб, доғи иҷтимоӣ ва бесарпаноҳ мондани кӯдаконро гирифтор мекунад. Барои ҷомеа бошад, заифшавии ваҳдати миллӣ ва ҳамзамон муаммоҳои зиёдро барои амният эҷод мекунад. Таҷрибаи таърихӣ низ гувоҳ аст, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таҳқиқот зиёда аз 150 ҳазор нафарро қурбон кард ва иқтисодиёти кишварро дар панҷ соли аввали истиқлолият тақрибан 60 фоиз коҳиш дод.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки бо роҳи қувва нест кардани ифротгароӣ кофӣ нест, усулҳои гуногунро мебояд дар ин масир роҳандозӣ намуд.
Баландбардории саводнокии насли ҷавон ва саводнокии рақамӣ дар мактабу донишгоҳҳо яке аз омилҳои пешгирии ин раванд ба шумор меравад.
Гурӯҳҳои гумроҳгаштае, ки дар ин росто ба гурӯҳҳои хатарнок шомил мешаванд, инҳо ҷавонони бекор мебошанд, ки ба кори иҷтимоию равонӣ фаро гирифтани онҳо зарур шуморида мешавад. Оилаҳои эҳтиёҷманд дар муҳоҷират хеле осебпазир мебошанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ хуб мешуд, ки пеш аз сафар ба ёрии ҳуқуқӣ фаро гирифта шаванд.
Дигар сабабҳое, ки метавонад сар задани ифротгароиро пешгирӣ кунад ин барномаҳои ислоҳ ва бозгашти шахсоне, ки аллакай ба гурӯҳҳо ҷалб шудаанд, инчунин пешгирӣ аз радикализатсия дар зиндонҳо мебошад.
Оила ва ҷомеа низ дар пешгирии ифротгароии насли ҷавони кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард. Муҳити оилавӣ бояд барои кӯдакон фазои солими омӯзиш ва тарбияро фароҳам оварад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки ифротгароии динӣ натиҷаи омили ягона нест, балки масоили иҷтимоию иқтисодӣ, ноогоҳии динӣ, осебпазирии равонӣ ва таъсири технологияи рақамӣ мебошад. Оморҳо тасдиқ мекунанд, ки ҳатто кишвари аз ҷиҳати терроризми дохилӣ нисбатан устувор метавонад манбаи ҷалби шумораи назарраси ҷавонон бошад. Аз ин лиҳоз, самараноктарин роҳ таваҷҷуҳи комил ба соҳаи маориф, шуғл ва боварии ҷавонон ба оянда аст.
Ҷавони соҳибмаърифат, дорои касбу кори муносиб ҳамеша ба манфиати давлату миллат фаъолият карда аз ифротгароӣ пешгирӣ хоҳад кард.
Осими ОҚИЛ
дотсент, сардори раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
