Мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони шаҳри Истаравшан

Санаи 17.02.2023с. дар шаҳри Истаравшан дар асоси ҷадвали тасдиқгардида аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд бо хатмкунандагон баргузор гардид.
Муаррифии дастовард, имкониятҳои таҳсил ва ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз тарафи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ироа гардид.
Мавсуф таъкид намуд, ки ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои ҷавононе, ки мехоҳанд аз ганҷи Ватан баҳраёб бошанд, бисёр ҳам муфид мебошад.
Ба довталабон варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки итисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоянд.