БОЗТОБИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон  тарҳрезӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон 

 

 

         Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон таҳаввулгар буда, дар  тамоми ҷабҳаҳои Тоҷикистон, беистисно, таҳаввулоти куллӣ  ворид намуд. Кишвари азияткашидаи тоҷикон аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ гом бардошт . Ин иқдом моҳи октябри соли 1992 пас аз вохўрӣ бо нерўҳои халқӣ, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд.  Зеро дар аксари гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакони гуруснаву тарсида, оҳу фиғони модарони фарзандгумкарда ба гўш мерасид. Оромӣ ва файзу баракат гум шуда буд. Шаби сиёҳу рӯзи равшан яксон менамуд. Мардум пароканда буду на аз замину на аз фалак имдод мерасид, барояшон замин сахту осмон баланд буд, мақсадҳо гуногун, андешаҳои мухталиф доштанд. Аҳолии бечора дар чунин лаҳзаҳои сахт аз ҳама бештар азият медид. Қувваҳои солими ҷомеа, роҳи ба сулҳу салоҳ омадани неруҳои даргирро дар ҳарчи зудтар гузаронидани иҷлосияи навбатӣ медонистанд. Хушбахтона, санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз гашт  ва бо Оши оштӣ хотима ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари Кабири мо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадор дар Қасри мубораки Арбоб тавлид шуданд. Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон хишти аввали давлати ҳуқуқбунёди тоҷиконро гузошта заминаи муттаҳидшавии миллиро фароҳам овард. Умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фазои ягонаи сиёсӣ, асоси ваҳдати миллист.

 Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустин чун вакили ҳақиқатҷӯю ваҳдатхоҳ амал намуда, гоҳи суханронӣ зикр кардаанд: «Ба ин ҷо аз вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа касеро таклиф накардаанд. Барои чӣ ин тавр шуд? Барои чӣ аз ноҳияҳое, ки ҳодисаҳои нохуш рафта истодааст вакилҳо, раисони намояндаҳои он ноҳияҳоро даъват накардед?…»(нусха аз суратчаласаи Ичлосияи XVI Шурои олии  Точикистон)1. Ин нахустин қадам ба арсаи сиёсат, нахсустин қадам сӯи Истиқлолият, нахустин даъват ба сӯи Ваҳдат, нахустин қадам сӯи ҳақиқат буд. Қувваи солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллат ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Дар нусхаи суратҷаласаи Иҷлосия сабт гардидааст: «Эмомалӣ Раҳмонов: Натиҷаи  овоздиҳӣ нишон дод, ки дар байни депутатҳо якдилӣ, якдигарфаҳмӣ оғоз ёфта истодааст. Ман низ оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард»2.

Дар ҳақиқат, Иҷлосия рукнҳое эҷод кард, ки ин роҳ ба сӯи зиндагии шоиста аст. Яке аз муаллифони мақола (Атоева К.М.)   бо тамоми аксу ҳуҷҷату санадҳо хосатан суратҷаласаи ҳаррӯзаи Иҷлосия шинос гардида, бо ифтихор изҳор менамояд, ки ин Иҷлосия – оғози раванди сулҳофаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар, пояи тартибу низоми давлатдорӣ, оғози робита бо кишварҳои дигар ва ниҳодҳои байналмилалӣ,  таҳкурсии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, оғози шукуфонии давлати Соҳибистиқлол, тавлидгари Сарвари сиёсатмадор ба амсоли Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳар кору пайкори нек ва амали хайре, ки дар роҳи шукуфоии давлат ва хушбахтии халқ мешавад, идомаи Иҷлосия аст. Иҷлосия барои барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам кард ва рӯйдоди бузурги хотирмон дар ҳаёти сиёсии кишвар буда,  тарафҳои муқобилро ба ҳам овард,  сарчашмаи сулҳи тоҷикон  гардид. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» гуфтаанд:  «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама ҳашамат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем»3

 Дар осорхонаи донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки самараи Истиқлолият (24 апрели соли 2006) дар як расми  Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Сарвари Кабири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифода гаштааст. Ин осорхона ба қадри имкон дар эъмори ҷомеаи мутамаддин  мусоидат намуда, вазифаи созандагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро расмҳо нишон дода, таҳкими Сулҳу Ваҳдатро тақвият бахшида, ғояҳои Ваҳдатро тарғибгар аст.  Олимони ватаниву хориҷии  бо донишкадаи мо ҳамкорӣ дошта, гоҳе аз деворнигораҳо дидан ба амал овардан, расмҳои тоблуҳо, ки лаҳзаҳои дарс, таҷрибаомӯзӣ, лаҳзаҳои ҳамкориҳои тарафайн  бо донишҷӯёни хориҷи кишвар, ки самараи Истиқлолият буда,  саромади он Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон аст, муаррифӣ  карда шудааст.  Тамошогар хоҳ омӯзгор, хоҳ донишҷӯ онро мебинад ва эҳсос мекунад ва меҳру муҳаббат ба Ватани соҳибистиқлол  дар шарёнаш бедор гашта, ғурри миллӣ меафзояд ва аз қаъри  дил ба забон оварда мегӯяд:  бигзор  парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият, ки оғозаш Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ аст, дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри ватанро  афзунтар намояд ва бар фарози  сарзамини  аҷдодиамон то абад парафшон бошад.

Пайнавишт :

  • Нусхаи суратҷаласаи Иҷлосия.  
  • Нусхаи суратҷаласаи Иҷлосия. 
  • Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикон дар оинаи таърих.
  • Аҳмадшоҳ  Масъуд
  • Раҳмонов Эмомалӣ Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди дуюм.-Душанбе: «Ирфон», 2002, 150с.

 

Кибриёхон Атоева-дотсент,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон,

                                                     Узви вобастаи Академияи мардумии

Осиёимиёнагии Нури Хуҷанд,

Мамадқулова Ранохон- унвонҷӯ, устодони

кафедраи гуманитарӣ-иҷтимоии донишкадаи

 кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон,

Иброимова О.Ф.

унвонҷӯйи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ