Баромади муовини ректори донишкада Насриддинов З.З. дар ТВ Суғд

Дирӯз санаи 27.01.21с.  дар барномаи “Паёми раҳнамо”-и телевизиони Суғд  бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.г.-м., Насриддинов З.З.  ва дигар муовинони ректорҳои донишгоҳҳои вилояти Суғд риштаҳои гуногунсамти Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ  шарҳ доданд.

Муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.г.-м., Насриддинов З.З., дар хусуси нуктаҳои зерини Паём васеъ истода гузашт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сомона мегардем:

«Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.

Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад.

Ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард ба Саридораи геология якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки дар асоси таҳлили захираҳо ва дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳаллу фасл намоянд.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм дар самти ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисон ва бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, оид ба таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла паркҳои инноватсиониву технологӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо ин мақсад, ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад.»

  1. Ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръат оғоз гардид. Дар ин асно таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳамгироии илм ва истеҳсолот бештар шуда истодааст. Аз ин лиҳоз асосҳои ҳуқуқии ҳамгироии илм ва истеҳсолот коркард карда нашудаанд, яъне асосҳои қонунии татбиқи илм дар истеҳсолот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида бошад ва ҳукми бечунучарои иҷроиш дошта бошад, то ҳол вуҷуд надорад ва он бояд ҳар чӣ зуддтар ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ ба тасвиб расонида шавад; Аз ин ҷо, уҳдадориҳои тарафайн, масъалан: уҳдадориҳои муассисаи илмӣ-таълимӣ, корхона ва ё муаллиф, ҷиҳати татбиқи самараҳои илм дар истеҳсолот бояд дақиқ карда шаванд; Фаъолияти илмӣ-истеҳсолӣ бояд чорчӯбаи сарбориҳои андозӣ, пардохтҳои молиётӣ ва дигар уҳдадориҳои харҷталабро бояд бармало кунад; Дар моддаҳои хароҷотии муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ тибқи асосҳои қонунии нав бояд ба таври ҳатмӣ бандҳои “хароҷотҳо мансуб ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, “хароҷотҳои илмӣ-истеҳсолӣ”, “хароҷотҳои татбиқ дар истеҳсолот”, “хароҷотҳои таъмини татбиқ дар бозор пас аз истеҳсоли маҳсулоти зеҳнӣ”, “хароҷотҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ” ва амсоли он дохил карда шаванд; Яъне бо чунин равиши корҳо айни ҳол, ягон ихтироъ, навоварӣ ва ё лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотиро дар истеҳсолот татбиқ кардан ғайри имкон аст. Олим, навовар ва ё муҳаққиқ наметавонад бо сарфи молиёти шахсӣ ва ё гурӯҳӣ ин ё он намуди самараи кори илмии худро дар истеҳсолоти воқеии маҳсулотҳои саноатӣ бо такя аз ягон моддаҳои қонун ё низомномаву барномаҳои давлатӣ, татбиқ намояд.
  2. Паркҳои технологӣ ба андози хоси фаъолияти худаш бояд гузаронида шаванд, ки айни ҳол дар боробари ширкатҳои тиҷоратӣ масъули пардохти андоз ва дигар молиётҳои вазнин мебошанд. Ҳамчунин маҳсулоти истеҳсол намудаи паркҳо низ бояд аз андоз озод бошанд, зеро он маҳсули татбиқи илм дар истеҳсолоти ватанӣ мебошад, ки ба кӯмак ва дастгириҳои давлатӣ ниёз дорад.Ҳамчунин, мазмуну мундариҷаи фаъолиятнокии Паркҳои технологии назди корхонаву муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери суол мераванд, ки умуман наметавонанд, дар татбиқи илм дар истеҳсолот ягон нақше бозанд, зеро ҳамон омилу сабабҳои дар боло оварда шуда, монеаи татбиқи ин мақсад мегардад ва дар хусуси ин муассисаҳо ҷой доранд.
  3. Статуси ҳуқуқии «донишҷӯй-таҷрибаомӯз» коркард нашудааст, яъне имрӯз барои тақвияти дониш ва малака ягон донишҷӯй наметавонад ба дилхоҳ корхона ворид шуда, корҳои таҷрибаомӯзӣ гузаронад, яъне соҳибмулкон бо баҳонаи моликияти шахсӣ, муштарак, давлатӣ ва ё амсоли он, маъсалан набудани шароити буду бош ё чизи дигар донишҷӯён ё муҳақиқ-коромӯзонро ба корхонаҳо роҳ намедиҳанд. Дар ин асно бо кадом қонун такя карда буду боши онҳоро дар корхонаҳо таъмин кардан имкон бошад, коркард нашудаанд. Аз ин лиҳоз, таҳияи қонуни мазкур низ ба нафъи кор аст.