Имрӯз, намояндагони ҶСК “Бонки Эсхата” ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқоти имрӯза, ҳамчунин декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷуразода Шуҳрат низ ширкат намуд.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани мутахассисони зеҳни зунъӣ, барномасозӣ, мутахассисони сангшинос ва коршиносони соҳаи бозори коғазҳои қимматнок, пешрафтҳои корӣ ва идомаи ҳамкорӣ дар солҳои баъдӣ суҳбат намуда, роҷеъ ба самтҳо, нақши бонк дар рушди ҷомеа, баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар филиалҳои бонк, ҳамкорӣ баҳри омӯзишӣ таҷрибаи бонкдории байналмилалӣ ва ҳамзамон ифтитоҳи намояндагии таълитмии Бонки Эсхата дар Донишкада гуфтушунид намуда, ба тавофуқ расиданд.
Ҷонибҳо аз ҳамкорӣ дар роҳи тарбияи насли ҷавон ва омода намудани мутахассисони насли нав изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Бонки Эсхата яке аз бонкҳои бонуфуз ва дорои баҳогузории баланд дар кишвар мебошад, ки ҳамчун бонки мардумӣ шинохта шудааст. Бонки Эсхата аз бонкҳои дастрас ва беҳтарин буда, барои дастгирии шаҳрвандон ва дар амали намудани сиёсати бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ҳамкорӣ бо чунин бонки дорои нуфузи байналмилалӣ қобили ифтихор ва шарафи волои касбӣ мебошад.
Шуъбаи иттилоот
