Имрӯз, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки фарзандони бонангу баномуси миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскав ба Тоҷикистон оварда шуд. Овардани хоки ин се нафар қаҳрамони роҳи адлу инсоф ва хештаншиносӣ ба Ватан аз як тараф арҷгузорӣ ба хидматҳои ин бузургон ва аз ҷониби дигар иҷрои адолати таърихӣ мебошад. Таърих булаҷабҳое дорад, ноадолатиҳое дорад ва ҳар насле аз ин бозиҳои таърих, ҳаводиси рӯзгори сангин сабақ гирифт, ҳатман муваффақ мешавад ва агар таваҷҷуҳ нафармуд, дар нимароҳ мемонад. Сарнавишти ин се нафар қаҳрамонони роҳи меҳан низ барои мо сабақи бузурги таърихӣ мебошад.
Ин се нафар қаҳрамонона зистанд ва қаҳрамонона ҳарфи ватан, давлати миллӣ, озодиву истиқлол гуфта, аз ноадолатии замон қурбон шуданд. Нохалафону нотавонбинон, душманони давлатдории тоҷикон ба хотири таърихсӯзӣ ва таҳрифи ҳақиқат фарзонафарзандони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммадро ба қатл расониданд, ки ин фоҷеаи бузург дар таърихи навини тоҷикон мебошад.
Бар миллати тоҷик аз сабабҳои гуногун ҷабри таърих расидааст ва ин миллат борҳо захми замон ва ҷабру зулми таърихро пушти сар намудааст.
Миллати тоҷик ҳамеша душмандор буду борҳо заҳри душман чашидааст. Ва ҳамин аст, ки беҳтарин равшанфикрон, беҳтарин меҳандӯстон, беҳтарин хирадмандону маорифпарварон бо баҳонаҳои сохта, иттиҳомоти бардурӯғ бо дасти ҷабркорони замон, ҷабборони ҷоҳил ба қатл расонида шуданд. Дар ҳамон замон Қаҳрамонони Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маорифпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад бо дурӯғу дасисаҳои душманон ба қатл расонида шуданд. Қатли ин се нафар дар он замон хомӯш намудани ситораи худшиносиро мемонад.
Баъдтар ин се нафар барои хидматҳои бузургашон сафед карда шуданд, лек ин дигар баҳси адолати таърих асту халос.
Ин ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом намуданд, ки хоки ин бузургон бар Ватан оварда шавад, ташаббуси шахсии он кас ва эҳтиром ба хидматҳои ин фарзонафарзандони миллат мебошад!
Агар бо чашми хирад ва ҳақиқат ба таърихи замони истиқлол назар андозем, хуб дарк хоҳем кард, ки хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик беназир мебошад.
Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро аз нестӣ наҷот доданд ва ба эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пардохтанд, ки ин қаҳрамонӣ ва хидмати бениҳоят бузург мебошад!
Ба сарзамини аҷдодӣ -замини бобоӣ ва Ватани маҳбуб овардани хоки фарзандони ватандӯст, бонангу баномуси ватан исботи он аст, ки Роҳбари муаззами давлат охирин орзуи тоҷикони дур аз меҳанро амалӣ намуданду намегузоранд, ки тоҷику дубора ҷабру зулми таърих бинад.
Оли Сомон агар давлатдории тоҷиконро эҳё намуду истиқлоли комили тоҷикро таъмин сохт, пас аз чандин садсола Оли Раҳмон тоҷикро аз варта наҷот доду пушту паноҳ гардид.
Тоҷик имрӯз орзу дорад, умед дорад ва сулҳу суботу давлати миллӣ дорад, ки ин хидмати Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад!
Амалкарди имрӯзӣ бори дигар собит сохт, ки тоҷик соҳибдарак дорад ва ҳатто дар душвортарин ҳолат бесоҳиб несту Қаҳрамон дорад! Қаҳрамони миллат, Қаҳрамони сарнавиштсоз, қаҳрамони наҷотбахш бо номи Эмомалӣ Раҳмон!
М. Саидов
ватандӯст, муҳаққиқ

