ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДОНИШКАДА

 Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором ва шахсони масъул ширкат намуда,  шаҳрванд Ҳасанова Парвинахонро қабул намуданд. 

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд  Ҳасанова Парвинахонро хуш  қабул намуда, арзашро пурсид. Маълум гардид, ки шаҳрванд барои ба кор таъмин гардидан муроҷиат намудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти Донишкада муроҷиати  шаҳрванд санҷида шуда, аризааш барои бозбиниву баррасӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд бо тариқи номнавис ба шуъбаи умумӣ ва назорат  муроҷиат намоянд.

Шуъбаи иттилоот