Баргузории маҳфили “Муҳосибони муосир” дар кафедраи менеҷмент

Дирӯз, дар кафедраи менеҷменти факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ маҳфили “Муҳосибони муосир” бо ширкати донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ мавзӯи ” Касби муҳосиб ва аудит дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ” баррасӣ гардид.  Маҳфилро мудири кафедраи менеҷмант омӯзгори фаъол номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи маҳфил ва нақшаҳои ояндаи он суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки касби муҳосиб барои ҷомеаи имрӯз муҳим буда, хуб донистани нозукиҳои ин касби пуршараф муҳим мебошад. . Ҳамчунин омӯзгори калони кафедра Ҳоҷибоева Муҳайёхон Муродҷоновна баромад намуда, дар коргузории маҳфил чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд. 

Сипас, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар саноат Зоиров Фариддун Фуркатович баромад намуда,  оид ба касби муҳосибӣ ва аудит дар иқтисодиёти бозоргонӣ маълумотҳо пешниҳод намуд. Инчунин донишҷӯён вобаста ба касби худ ба баромадкунанда ва ҳозирин суолҳо дода, посухҳои амиқ гирифтанд.  

Қайд намудан зарур аст, ки дар маҳфили “Муҳосибони муосир” декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон ва намояндаи раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, омӯзгори ҳамин кафедра Раҳматов Абдумавлон ширкат намуданд ва ба донишҷӯён чанд машварати муҳимро ироа намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Муҳосибони муосир” ин навбат бо суолу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон ва донишҷӯён бо табъи болида аз он берун шуданд, ки ин нишона аз хубу хотирмон гузаштани маҳфили мазкур мебошад.

Шуъбаи иттилоот