Дарси кушоди омӯзгори фаъол Собирова Шукринисо Рахимовна

Имрӯз, дар кафедраи менеҷмент дарси кушоди омӯзгори варзида, мудири кафедраи менеҷмент номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо аз фанни “Назарияи иқтисод” дар мавзӯи “Сармоягзорӣ ва андӯхт” бо донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар саноат баргузор гардид. Дар дарси кушоди мазкур декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, омӯзгорони кафедраи экология Саксанова Наима ва Назарова Маҳина, сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва бақайдгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек, мудири кафедраи фанҳои умумӣ-табиӣ Воҳидов Аҳрорҷон, омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва информатика Хуҷамов Шокир ва  иштирок намуданд. 

Дар дарси кушоди мазкур омӯзгори варзида Собирова Шукринисохон нахуст ба донишҷӯён дар бораи муҳимияти мавзӯъ сухан ронда, сипас  ба таври касбӣ ва муфассал мавзӯъро ба донишҷӯён фаҳмонид. Зимни баргузории дарси кушод омӯзгорон ба донишҷӯён суолҳо дода, ба ҳазнамоӣ ва азхудкунии донишҷӯён баҳои баланд доданд. Дар интиҳо қайд карда шуд, ки дарси кушоди омӯзгор номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо аз фанни “Назарияи иқтисод” дарси баланд баргузор гардид ва баҳои олӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  “Соли сифат” эълон карда шудааст ва бинобар ин омӯзгорону кормандон баҳри омӯхтани таҷрибаи якдигар ва ба ҳамин васила мубодилаи таҷрибаи педагогӣ дар дарсҳои кушоди якдигар ширкат меварзанд ва ҳаракат менамоянд, то дар тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа саҳмгузорӣ намоянд.

Қайд намудан зарур аст, ки кафедраи менеҷменти факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ кафедраи навтаъсис мебошад ва барои пешбурди фаъолияти он мудири кафедраи менеҷмент номзади илмҳои иқтисодӣ Собирова Шукринисо пайваста талош менамоянд ва аллакай филиали кафедра дар назди Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ифтитоҳ карда шудааст.