БАРГУЗОРИИ АВТОМАРАФОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва мақомот автомарафони бошукуҳ баргузор карда шуд.

Пас аз тай намудани роҳи муайяншуда дар дохили шаҳр дар саҳни Донишкада суханронии ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ сурат гирифт.

Ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ҳамагонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳор доштанд, ки Парчам рамзи мавҷудият ва соҳибихтиёрии ҳар миллат буда, нишон аз таъриху давлатдории он миллат ба шумор меравад. Арзиши парчам ба матои абрешимиву пахтагии он вобаста нест, балки ҳар парчам аз рӯйи меъёре қадрдонӣ мешавад, ки кадом халқу миллатро намояндагӣ мекунад. Парчам ба он хотир арзишманд аст, ки он ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва нангу номуси давлатдории моро бозгӯӣ мекунад. Парчам ба навъе обрӯву эътибор ва ҳайсияти миллатҳову кишварҳоро афзоишу рушд медиҳад. Мо миллати парчамдор ҳастем. Тоҷикон чун халқи мутамаддин ва қадимтарини Осиёи Марказӣ дар таърихи чандҳазорсолаи худ оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Парчам ва нақши он чунин изҳор доштаанд: 

“Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст”.

Таъкид карда шуд, ки Парчи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ягонагиву давлатдорӣ ва ҳамдиливу ҳаммаромии миллати тамаддунсозӣ тоҷик мебошад.

Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот