Бадхохони Ватан ба ҳеҷ мақсадхои нопоки худ намерасанд

Дар ҷаҳони сиёсат шахсиятҳо бо амалҳои зайли худ мақоми хоси худро гузоштанӣ мешаванд: яке бо иҷрои амалҳои нек яъне, муттаҳид кардани мардум дар фазои орому осудагӣ ва дигаре барои манфиати шахсӣ тавассути амалҳои ношоиста, ба мисли иғвоангезӣ, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум.
Мутаассифона, душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангезро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.
Аз мутолиаи мақолаи Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо номи “Донишгоҳи бузурги терроризм ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” ба хулоса омадем, ки маркази тайёркунии ифротгароён ва террористони исломӣ ин донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия» мебошад.
Нигоштаи Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони “Донишгоҳи бузурги терроризм. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” бори дигар андешаҳои болоии моро собит месозад.
Воқеан тайи чанд соли охир давлатҳои бузурги Аврупо ва Амрико бо Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибати тезу тунд дошта, ин кишварро аз як ҷониб таблиғгари яроқи атомӣ дониста бошанд, аз ҷониби дигар макони парваришгоҳи террористон унвон кардаанд, ки он мутлақо рост аст.
Ногуфта намонад, ки баъди аз тарафи давлати ИМА расман ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудани «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», толибон ва хатмкардагони он низ хатмкунандаи курсҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди пайгирии қонунӣ ва ҷиноятӣ қарор мегиранд. 
Ин мақола моро ҳушдор медиҳад, ки дониши сиёсиамонро баланд бардорем. Ҳар амале, ки иҷро мекунем санҷидаву дониста кунем. Фарзандҳоямонро дар руҳияи Ватандӯстӣ тарбия намоем. Агар хоҳем, ки фарзандамон муъмину мусулмон бошад, арзишҳои ватандории миллиро талқин намоем. Танҳо он вақт мо миллати босаодат маҳсуб мешавад
Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.
Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.
Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Ҳаитова Ф.Ш.

Омӯзгори ДКМТ