Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин донишкадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа дар соли таҳсили 2026-2027 қабули довталабонро аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи зерин барои таҳсилоти олии дуюм (фосилавӣ) ва идомаи таҳсил (рӯзона ва фосилавӣ) аз санаи 20.07.2026 оғоз менамояд.
Довталабон тибқи муқаррароти Қоидаҳои кабул ба комиссияи қабули Донишкада ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод кунанд:
-ариза ба номи ректор;
-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихоб карда;
– 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
– маълумотномаи тиббии шакли 038;
– шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.
