ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН БА ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар партави сиёсати маорифпарварона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Раванди омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия: мушкилот ва дурнамо” санаи 25-уми июл соати 8:00 баргузор намояд.
Аз ин лиҳоз аз ҳама хоҳишмандон, олимону муҳаққиқон, корхонаҳои саноатӣ даъват менамоем, ки дар кори Форум ширкат намоянд.
Макони баргузории Форум:
Маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон
Замон: санаи 25.07.2026., соати 8:00