Дирӯз, ҷаласаи назоратии раёсат дар толори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок баргузор гардид, ки ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни баргузории ҷаласа ба мудири кафедраи мазкур Мутавалиев Абдуваҳоб ва ҳайати профессорию омӯзгории кафедра, ҷиҳати омода намудани толор дар сатҳи баланд изҳори сипосмандӣ намуда, сипас ба яке аз омӯзгорони фаъоли Донишкада, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Деҳқонов Дилшод ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созанда, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди коргузорӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ Ифтихорномаи Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро тақдим намуданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада корманди фаъол ва омӯзгори пешқадам Деҳқонов Дилшодро ба ин дастовард табрику таҳният гуфта, барояшон дар корҳои минбаъда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неку созанда барору муваффақият таманно менамоед.
Дастоварди навбатӣ хуҷаста бод, устод Деҳқонов Дилшод!
Шуъбаи иттилоот
