Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони чиноӣ озмуни сурудҳои чиноӣ миёни донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни ихтисоси 1-520201 Технология ва таҷҳизоти саноати заргарии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки тибқи барномаи муштараки 2+2 таҳсили худро дар Донишгоҳи захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи ҶМЧ идома медиҳанд, дар ин озмуни сатҳи баланд фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм гардиданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт иттилоъ дод.
Дастоварди мазкур бори дигар аз талошу заҳмат ва кӯшишҳои пайвастаи ҳайати донишҷӯён ва омӯзгорони садоқатмандашон мебошад. Ин амалкард ва ғолибият аз муҳаббати зиёди донишҷӯён ба илму фарҳанг ва забономӯзӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ба донишҷӯён ғолибиятро табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва дар омӯзиши илму дониш комгорӣ таманно менамояд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз беҳтарин муассисаҳои олии соҳавӣ дар кишвар мебошад, ки бо зиёда аз 13 муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Шуъбаи иттилоот

