Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҷалилзода Абдумаҷид, сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонон Толибзода Маҳмудҷон ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша, пешгирии қонунвайронкунӣ ва мақсади мулоқоту вохӯрии имрӯза сухан ронда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ШОПҲНҶ Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҷалилзода Абдумаҷид дар мавзуи “Пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар корҳои номаълум дар байни ҷавонон” сухан ронда, роҷеъ ба оқибатҳои қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва поймлолсозии ҳуқуқи инсон зарару зиёни амалҳои номатлуб ба ҷомеа, гумроҳии насли ҷавон, пешгирии қонуншиканӣ, роҳҳои мубориза бар тафаккури носолими насли ҷавон махсус таъкид намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки бо пешрафти илму технология шабакаҳои ҷинояткорӣ ҳаракат мекунанд, ки аз ҳар роҳ истифода баранду ҷавононро ба доми ҷинояткориву қонунвайронкунӣ тела диҳанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд огоҳу ҳушёр бошанду аз пайи омӯзиши илму маърифат гарданд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ фаъолон суханронӣ намуда, барои баргузор намудани чунин мулоқот ба намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот
