Имрӯз, дар толори китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки ширкаткунандагон бояд аз худ маҳорати балнад нишон диҳанд, то ҳайати комиссия ононро ба даврҳои дигари озмун пешбарӣ карда тавонанд ва дар навбати аввал баҳои воқеӣ бигузоранд.
Ректори Донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки озмуни мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст ва мо бояд дар ин самт аз ҳама фаъолтар бошем. Зеро ин озмун барои баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, маорифи ҷомеа мусоидат менамояд, ки чунин иқдомҳо саривақтӣ ва қобили сутуданист.
Донишҷӯён-иштирокчиён аз рӯйи 3 номинатсия баромад намуда, аз осори бузургон шеъру қасида ва рубоиёт қироат намуданд. Дар умум дар ин озмун зиёда аз 46 нафар ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро ба самъи аъзои ҳакамон нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси сохтори илм ва китобхонаи донишкада роҳандозӣ шудааст.
Таъкид карда шуд, ки роҳбарияти Донишкада барои омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд ба маблағҳои зиёд донишҷӯи ғолиб ва ҳам устодашро қадрдонӣ менамояд.
Шуъбаи иттилоот
