Маҳфили адабӣ дар ДКМТ:”Саъдии Шерозӣ орифи бузург ва муаллими ахлоқ”

Дар толори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада маҳфили адабӣ таҳти унвони “Саъдии Шерозӣ  орифи бузург ва муаллими ахлоқ” бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону кормандон, донишҷӯён  баргузор гардид.  Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Саъдии Шерозӣ, барномаи маҳфил суханронӣ намуд.

Сипас, дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  дар мавзуи “Саъдии Шерозӣ  орифи бузург ва муаллими ахлоқ”  маъруза намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои эҷодӣ ва мароми осори тарбиявии Саъдии бузург, нақши шеър дар тарбият, паёми адиб ба наслҳои баъдӣ сухан ронд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз нақши бузурги Саъдии Шерозӣ ба ҳозирин сухан гуфта, нақши Саъдиро дар фаҳми ҳастии одамият, тарбия, асолат ва ҳамзамон баҳамоӣ бисёр мусбат ва баланд арзёбӣ намуд.

Саъдии бузург фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ва ҳамин паёми Саъдӣ аст, ки моро ба ҳамдилӣ, ваҳдат ва шинохти якдигару эҳтироми кулли башарӣ даъват менамояд ва тарҷеҳ медиҳад, ки бояд бо ҳам буд ва дар ҳалли масоили инсониву ҷаҳонӣ бо ҳам талош варзид. Саъдӣ шоири буд огоҳ аз вазъи ҷаҳон ва баҳси имрӯзи дунёу тақдири минбаъдаи башарият..

Ҳамзамон, дар ин маҳфил сардори раёсати таълим Осими Оқил дар мавзуи  ” Нақши осори ахлоқӣ ва тарбиявии Саъдии Шерозӣ дар ташаккули инсон” маъруза намуда, роҷеъ ба асарҳои Саъдӣ ва мақоми баланди осораш дар ҷаҳони имрӯз, нақши тарбия дар ташаккули инсон сухан ронда, чанде аз ғазалиёт ва ашъори Саъдии бузургро қироат намуд. 

Дар маҳфили имрӯза, ҳамчунин донишҷӯёну омӯзгорон аз байту пораҳои эҷодии Саъдӣ қироат намуда, маҳфилро бо суолу ҷавобҳо рангин гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва китобхонаи Донишкада баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот