ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Яке аз афзалиятҳо барои донишҷӯён ин ширкат дар озмуну олимпиадаҳои гуногуни дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки дар ин раванд донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хеле фаъол мебошанд.
Имрӯз , донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси 430103-01 – таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқи кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика дар олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни ба номи В.К. Шибанови кишвари Русия, ки аз фанни “Истгоҳҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ” дар Донишгоҳи давлатии энергетикии шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид, ба тариқи маҷозӣ фаъолона ширкат намуданд.
Ҷараёни баргузории олимпиада ва ширкати маҷозии донишҷӯёнро омӯзгорони калони кафедраи таъминоти барқ Эшов Зулфон Субҳонович ва Абдиламидов Нусратулло назорат намуданд.
Қабл аз оғози олимпиада омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ Эшов Зулфон бо баргузоркунандагон ба тариқи маҷозӣ тамос барқарор намуда, аз омодагӣ ва ҳавасмандии донишҷӯён иттилоъ дод.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки донишҷӯёни ихтисосҳои мазкур хеле фаъол буда, дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ низ муваффақият доранд.
Ногуфта намонад, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз беҳтарин муассисаҳои олии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисони варзидаи соҳаи энергетикаро дар сатҳи баланди ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат омода менамояд.
Шуъбаи иттилоот