Имрӯз, ба ифтихори 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар назди кафедраи ЮНЕСКО – и Донишкада озмоишгоҳи нави «Мониторинги муҳити зист» бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ расман мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ иштирок намуда, аҳамияти таъсиси чунин озмоишгоҳи муосирро барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ махсус таъкид намуданд.
Таъкид карда шуд, ки озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Water Harmony Eurasia» ва стартапи донишҷӯии «Green Roots» бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст. Ин иқдом барои ташкили корҳои лабораторӣ ва амалии донишҷӯён дар сатҳи баланд мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар ояндаи наздик дар доираи лоиҳаи «GreenCA» ва Erasmus + ворид намудани таҷҳизоти нави озмоишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ректори донишкада таъкид намуданд, ки минбаъд ҳамаи корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ бояд бо истифода аз имкониятҳои озмоишгоҳи мазкур ба роҳ монда шаванд.


