НОМАИ ТАБРИКОТИИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ 20-СОЛАГИИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

ИН ҶАШНИ ФАРХУНДА МУБОРАК БОШАД!
Муҳтарам роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон!
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон табрикоти самимона мерасонад.
Донишкада дар ин давра ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ мақоми шоиста касб намуда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат, бахусус кӯҳкорӣ ва металлургия, саҳми назаррас гузоштааст. Самараи фаъолияти Шумо дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар равшан эҳсос мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ин боргоҳи илму маърифат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯз ба як маркази муҳими тайёр намудани кадрҳои касбӣ табдил ёфтааст.
Вазорат саҳми арзандаи ҳайати устодону омӯзгоронро дар тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баланд арзёбӣ намуда, итминон дорад, ки фаъолияти минбаъдаи донишкада низ дар самти татбиқи технологияҳои муосир, таҳқиқоти илмӣ ва рушди устувори соҳаи саноат боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Ба Шумо саломатии бардавом, нерӯи тоза, дастовардҳои нав ва комёбиҳои беназир таманно дорем. Бигзор Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамчун чароғи роҳнамо дар роҳи илму маърифат ва пешрафти саноати кишвар хизмат намояд.
Бо эҳтиром,
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон