МЕДАЛИ КОРМАНДИ ФАХРИИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶАСТА БОД, МУАЛЛИМАИ АРҶМАНД РАҲИМЗОДА ШУКРИНИСО!

Дар қисмати дуюми конфроси илмӣ-амалии байналмилалӣ як қатор кормандону омӯзгорон, роҳбарият бо медалу ифтихорномаҳо ва унвонҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла декани факултети металлургия яке аз бонувони меҳанпараст ва ҷонфидо, зани ҳалиму хоксор олими соҳаи иқтисод, модари мушфиқу ғамхор, бонуи покманишу покҷавҳао дотсент Раҳимзода Шукринисо бо медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Медали ҷашниро ба бонуи беҳтарин, олими варзида Раҳимзода Шукринисо муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Исоҷон тақдим намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада муаллимаи азизу арҷманд Раҳимзода Шукринисоро ба ин дастоварди баланд, медали соҳавӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои волои илмиву пажӯҳишӣ пирӯзӣ таманно менамояд. Муаллимаи арҷманд ва гиромӣ Раҳимзода Шукринисо аз пайравони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз олимони ҷавон, аз мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод, аз омӯзгорони фаъол ва пешқадам буда, барои рушди саноат ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон корҳои мондагореро анҷом додаанд.
Раҳимзода Шукринисо ҳамчун декани факултети металлургия содиқона фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди соҳаи илму маориф ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён нақши муҳим ва созанда дорад.
Бори дигар қадршиносии баланд, дастоварди беназир -медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод, муаллимаи арҷманд ва гиромӣ, бонуи хушхиром Раҳимзода Шукринисо!
Шуъбаи иттилоот