ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Аммо баъди салтанати бузурги Сомониён, ки тоҷикон давлати мустақили худро доштанд. Бо таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ мо мустақилияти комил надоштем. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, таърихи Истиқлолияти давлатии мо чаҳоряк аср бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост.

Хушбахтона баргузории Иҷлосияи XVIШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVIШӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.

 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар воқеан асри нав эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ ба шумор меравад.

“Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад” – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инак, 34 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти комили давлатӣ мебошад. Дар ин муддат давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гаштааст.

Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолметавон шарҳу эзоҳ дод.

Яке аз хизматҳои бузурге, ки Сарвари давлатамон дар давраи истиқлолият ба анҷом расонид, ин баргардондани гурезаҳо ба кишвар ва таъмини сулҳу ваҳдати сокинон буд. Дастоварди дигари сиёсии сокинони мамлакат бо сарварии Ҷаноби Олӣ ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1994) қабул намудани Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он низоми нави қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва кишвари мо дорои рамзҳои муқаддаси Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид

Қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳу василаи эъмори он заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Ба вуҷуд овардани низоми ҳуқуқи миллӣ бо таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ -“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз дастовардҳои нодир дар роҳи бунёди давлати миллӣ буд, ки маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат қабул гардиданд.

Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал аз ҷониби тамоми мардум, давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.

Марҳила ба марҳила, яъне дар 34 соли соҳибистиқлолӣ таҳти дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари кишвар вусъат ёфт, аз ҷумла, ин кишвари офтобӣ тавассути мардуми меҳнатдӯсту ватанпарвар ба истиқлолияти энергетикӣ низ расид, ки мислашро тамоми дунё орзу мекунад.

Бале, ин бунёди Неругоҳи Барқии Обии Роғун мебошад. Роғун аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Осиёи Миёна калонтарин, аз ҷиҳати баландӣ ва ҷойгиршавии агрегатҳои зеризаминӣ дар ҷаҳон беназир буда, дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мавқеи тақдирсоз дорад. Аз ин рӯ, онро боифтихор сарчашмаи бахту саодат, омили муҳимми шукуфоии кишвар меноманд. Олимон, адибон, шоирон, журналистон ва умуман, аҳли зиёи кишвар дар бораи он шеъру тарона, очерку қисса офарида, шуҷоату мардонагии бинокоронро самимона васф намудаанд. Аз тасвирҳо ва мулоҳизаҳои аҳли зиё маълум мегардад, ки сохтмончиёни ин иншооти азим дар ин айём чи қадар корнамоиҳо мекунанд ва ҳар яки онҳоро метавон қаҳрамони замон номид.

Оре, бунёди Роғун яке аз дастоварҳои бузурги даврони истиқлол ва иқдомҳои ҷасуронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он чанд муддат боиси кашмакашию андешарониҳои беасоси мутахассони хориҷӣ гардид ва ниҳоят Сарвари давлат изҳор намуд, ки онро Тоҷикистон бо маблағи худ месозад. Боиси ифтихор аст, ки сохтмони он алҳол бо тамоми қувва идома дошта, пайваста агрегатҳои он ба кор даромада истодаанд. “Нақш ва аҳаммияти Роғун дар ҳаёти мамлакати мо то рафт меафзояд, зеро ин ҷо бузургтарин Неругоҳи барқии обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёд мегардад, ки барои кишвари мо аҳамияти бузурги ҳаётиву стратегӣ дорад”.

 Дар ин раванд, инчунин, як қатор роҳҳо ва нақбҳо чун нақби Истиқлол, нақби Озодӣ, нақби Шаҳристон ва ғайраҳо бунёд гардидаанд, ки барои тиҷорат ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Дар оғози қарни нав имкониятҳои васеи татбиқи ислоҳотҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат имконпазир гардид. Ин тадбирҳо ҳанӯз соли 2000-ум самараи худро нишон дода, нишондиҳандаҳои баландтарин нисбат ба давраи оғози истиқлолият ба қайд гирифта шуд.

Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикроҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Раҳимова Ш.К.

муовини ректор оид ба илм, инноватсия

 ва робитаҳои байналмилалии

Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон