ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ВА ҲАМҶАВОРИИ ОЛИМОН БО САНОАТЧИЁН

Дирӯз, як гурӯҳ омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот ва андӯхтани таҷрибаи амалӣ ба корхонаҳои бонуфузи саноатии вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот раиси Шурои олимони ҷавони Донишкада Раҳимзода Ҳаёт иттилоъ дод.
Зимни сафар омӯзгорон аз раванди коркард ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва роҳҳои самараноки истифодаи неруи барқ дар корхонаҳои саноатӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар ҶСП «ТАЛКО ГОЛД» ҳайати омӯзгорону муҳаққиқон аз ҷониби роҳбарияти корхона самимона истиқбол гирифта шуда, бо раванди коркарди тиллои тоза, тиллои сулфурдор ва истеҳсоли сурма аз наздик ошно гардиданд. Роҳбарияти корхона таъкид намуданд, ки аз ташрифи омӯзгорону муҳаққиқон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо омодаанд барои донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон шароити мусоиди таҷрибаомӯзӣ ва экскурсияҳои истеҳсолӣ фароҳам оваранд.
Ҳангоми боздид аз ҶДММ «КАНЗИ ДИЁР» барои омӯзгорон ва муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо бо раванди бунёди корхона, шароити будубоши кормандон ва фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос гардиданд.
Қайд карда шуд, ки корхонаи мазкур дар марҳилаи рушд қарор дошта, ҷиҳати ҷалби мутахассисону ҷавонони соҳибтахассус таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин коргоҳ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки корхона аллакай 29 нафар мутахассисони ҷавонро барои омӯзиш ва такмили таҷриба ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба муҳлати шаш моҳ сафарбар намудааст, ки 16 нафари онҳо хатмкунандагони донишкада мебошанд.
Дар фарҷоми мулоқоту вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки ҳалли масъалаҳо ва муаммоҳои корхонаҳои саноатӣ бояд дар заминаи ҳамкорӣ бо аҳли илм ва татбиқи дастовардҳои муосир амалӣ карда мешавад.