ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ЧЕХИЯ БА ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳои тиҷоратии Ҷумҳури Чехия ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда бо роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада  мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ намуда, роҷеъ ба имкониятҳо, дурнамои ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ гуфтугӯ намуданд.

Ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Чехия пас аз гуфтугӯ ва имзои ёддошти тафоҳум аз озмоишгоҳ ва синфхонаҳои ДКМТ дидан намуда, ба кори ҳайати професорию омӯзгорӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳамеша принсипҳои башардӯстонаро дар мадди аввал қарор дода, талош меварзад, то ҳар як суҳбату мулоқот натиҷаовар ва манфиатбахш бошад.

Шуъбаи иттилоот