Ҷоизаҳо муборак, омӯзгорону донишҷӯёни арҷманд!

Имрӯз, дар Қасри Рӯдакӣ раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар даври вилоятӣ мулоқот намуда, ғолибонро дар ин давр қадрдонӣ намуд.
Дар ин мулоқот омӯзгорону донишҷӯёни донишкада низ ширкат варзида соҳиби ҷоиза гардиданд.
Аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар даври видоятӣ  ду нафар омӯзгорон Давлатов Давлатмаҳмад ҷойи якум, Бадалов Ҷамолиддин ҷойи дуюм, аз донишҷӯён Пиримзода Меҳваршоҳ ҷойи якум, Раҳимзода Аскар ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа омӯзгорону донишҷӯёнро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва намояндаи раёсат илм ва инноватсия Бобоева М. ҳамроҳӣ намуданд.


Шуъбаи иттилоот