Ҷамъбасти фаъолияти солона дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти донишкада дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 бо ширкати муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмон муовини раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Хуршед Сатторзода озмоишгоҳҳои нави кафедраи фанҳои табиӣ-илмиро, ки ба тозагӣ ба истифода дода шудаанд, муаррифӣ намуда, имкониятҳои пажӯҳиширо шарҳ дод. Зимни боздид аз озмоишгоҳҳо мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил ба меҳмонон аз имкониятҳои озмоишгоҳҳо ва тарзи кори он маълумот дод.
Баъдан дар маҷлисгоҳи калони донишкада ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои донишкада дар самтҳои таълиму тарбия, илму инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ сухан намуда, аз нақшаҳои минбаъда ҷиҳати рушди донишкада гуфта гузашт. Сипас, муовини раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Сатторзода Хуршед суханронӣ намуда, оид ба саҳми донишкада дар рушди илму инноватсия, омода намудани мутахассисони соҳаи геологияву кӯҳкорӣ ёдрас гардида, ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҷиҳати фаъолияти пурсамар изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи имрӯза муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин оид ба самти таълим ҳисобот дода, таъкид намуд, ки 90 фисади хатмкунандагони соли 2022 бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуданд аз ҷумла дар донишкада такмили ихтисоси омӯзгорон 147 фисад иҷро шуд, зиёда аз 400 дарси кушод бо ширкати омӯзгорон гузаронида шуд.
Сипас, оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ гузориши муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо шунида шуд.

Мавсуф таъкид намуд, ки бо ҷалби лоиҳаҳои грантӣ дар донишкада 3 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд, ҳамчунин тибқи Лоиҳаи академияи CDIO ба донишкада зиёда аз 3 миллион сомонӣ ҷалб карда шуд, ки аз рӯи он техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ ва ҷиҳози таълимӣ харидорӣ карда шуд. Таъкид карда шуд, ки ин бузургтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар донишкада мебошад. Ҳамзамон, профессор Умарҷонов Абдусафо таъкид намуд, ки дар соли 2022 4 китобу монографияи омӯзгорон ба нашр расид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки мо бояд 4 китоб неву 20 китоби илмӣ таҳия намоем ва дар ин самт корро ҷоннок намоед.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон оид ба самти тарбия гузориш дода, таъкид намуд, ки дар соли 2022 ягон ҷиноят ва қонуншиканӣ аз ҷониби донишҷӯён сурат нагирифтааст.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин ҷиҳати фаъолияти пурсамар изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки мо бояд бештар фаъол бошем, лоиҳаҳои сармоягузориро ҷалб намоем, довталабонро ҷалб созем, имкониятҳои навро фароҳам созем, донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, мутахассисони варзидаро дар самти кӯҳкорию металлургия омода намоем, ки тамоми корхонаҳои саноатӣ аз мо умеди калон доранд.