Ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баргузор гардид

Дирӯз,  ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. дар ҷаласаи мазкур як қатор масоили муҳим ва зарурӣ баррасӣ гардида, дар он аъзоёни Шӯрои олимон фаъолона ширкат намуданд.

Тибқи рӯзномаи масоили тасдиқи харҷномаи донишкада, фаъолияти Парки технологӣ, татбиқи илм ба истеҳсолот, рушди илм ва навовариҳои илмӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, навиштани лоиҳаҳои сармоягузорӣ баҳри наҷоти донишкада аз муфлисшавӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуд.