Ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар толори видеоконфроснзали донишкада ҷаласаи Шӯрои олимон зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷаласаи мазкур ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба аъзоёни Шӯрои олимон Сипосномаи Шӯрои вилояти суғдии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро, ки брои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона дар амалигардонии сиёсати сулҳу ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии маъракаи “Обуна-2023” ба донишкада тақдим гардидааст, ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, ба кори ҷаласаи Шӯро оғоз бахшида, як қатор масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуд. Зимни баррасии масоили баррасишаванда, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки моро зарур аст, то он ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба рушди илму маориф ба инобат гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим, як қатор корҳоро ба анҷом расонему аз ҳаррӯза бештар фаъол бошем. Корхонаҳои саноатӣ аз мо мутахассис интизоранд ва мо бояд, бозори меҳнатро бо мутахассисони варзида, кадрҳои лаёқатманд таъмин намоем…

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯрои олимон 12 масъалаи нақшавӣ баррасишуда, фаъолияти баъзе кафедраҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.